Тоҷикистону Қазоқистон имкони интиқоли барқро аз неругоҳи “Роғун” баррасӣ карданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Тоҷикистон ва Қазоқистон масъалаи содироти барқи неругоҳи “Роғун”-ро тариқи қаламрави Ӯзбекистон баррасӣ карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи Қазоқистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, вазири энергетикаи Қазоқистон Алмасадам Саткалиев бо муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Манучеҳр Сафарзода гуфтушунид карда, дар ҷараёни он ҷонибҳо ҷанбаҳои гуногуни ҳамкориҳоро дар соҳаи электроэнергетика мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр мешавад, ки соли 2023 Тоҷикистон ва Қазоқистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд, ки дар он интиқоли барқ аз неругоҳи “Роғун” дар давраи аз соли 2023 то соли 2032 пешбинӣ шудааст.

“Бо қаноатмандӣ баррасии нишондиҳандаҳои техникӣ ва шартҳои тиҷоратии содироти имконпазири барқ аз неругоҳи “Роғун” ба Қазоқистон бо назардошти имконоти техникӣ ва ҷадвали муволфиқашудаи трназити энергия тариқи шабакаҳои Ӯзбекистонро зикр мекунам”, – гуфтааст Саткалиев.

Ҷонибҳо мувофиқа карданд, ки то 15 октябри соли 2024 имконияти имзои созишномаҳо бо ташкилотҳои манфиатдор барои танзими интиқолҳои ғайринақшавии нерӯи барқ ​​миёни низомҳои энергетикии Осиёи Марказиро баррасӣ кунанд.

Ёдрас мекунем, ки мавҷудияти созишномаҳои таъмини нерӯи барқ ​​ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон яке аз шартҳои муҳими дастрасӣ ба маблағгузории хориҷӣ барои лоиҳаи неругоҳи “Роғун” мебошад.

Чанде пеш Заминаи радабандии мустақили Тоҷикистон аз ҷониби Агентии байнулмилалии радабандии Standard & Poor's Global Ratings зикр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешниҳоди бастаи маблағгузорӣ, ки ҳудуди 50%-и хароҷотро мепӯшонад, бо консорсиуми қарздиҳандагони бисёрҷониба ва дуҷониба гуфтушунид дорад. Интизор меравад, ки боз боқимондаи нисфи маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ва даромад аз неругоҳе, ки сохта шуда истодааст, сурат мегирад.

Коршиносони S&P таъкид мекунанд, ки бастаи пешакии маблағгузории беруна аз 1,73 млрд доллар дар шакли қарзҳои нимаимтиёзнок, 850 млн доллар грантҳо ва 390 млн доллар қарзҳои имтиёзнок иборат аст. Маблағгузории беруна баъди аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таҳия намудани созишномаҳо оид ба интиқоли барқ бо ҳукуматҳои Қазоқистону Ӯзбекистон дастрас мегардад.

Қаблан зикр гардида буд, ки имсол ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои амалисозии лоиҳаи сохтмони неругоҳи “Роғун” 5 млрд сомонӣ (ҳудуди 460 млн доллар), аз ҷумла 2,8 млрд сомонӣ аз ҳисоби буҷет ва 2,2 млрд сомонӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ равона кунад. Дар зарфи 9 моҳ ба идомаи корҳои сохтмон дар неругоҳи “Роғун” 4,3 млрд сомонӣ (ҳудуди 395 млн доллар) равона шудааст.

Маълумотнома

НБО "Роғун" аз бузургтарин лоиҳа дар соҳаи истеҳсоли барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, сохтмони он беш аз даҳ сол ин ҷониб идома дорад. Иқтидори муқарраршудаи он 3600 МВт-ро ташкил медиҳад.

Пас аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани неругоҳ, истеҳсоли барқ дар он аз 13 то 17 млрд киловатт-соат дар як солро ташкил хоҳад дод, ки тақрибан ба 65-85% аз ҳаҷми солонаи ҳамаи иқтидорҳои истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ баробар аст.

Дар толори мошинҳои неругоҳ дар маҷмуъ насби 6 агрегат ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори ҳар кадоме аз он 600 МВт-ро ташкил медиҳад. Ба истифода додани агрегати охирин соли 2029 дар назар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...