S&P мавқеи Тоҷикистонро дар радабандии қарзӣ беҳтар кард

Агентии байнулмилалӣ оид ба рейтингҳо (радабандиҳо)-и Standard & Poor's Global мавқеи Тоҷикистонро дар радабандии дароз муҳлат оид ба уҳдадориҳо дар асъори хориҷӣ ва миллӣ аз «В-» то «B» беҳтар кард. “Агентӣ ба ҷумҳурӣ “пешгӯии устувор”-ро муносиб донист”, – гуфта мешавад дар хабари сомонаи расмии S&P.   Радабандии дарозмуҳлати қарзии S&P «В» маънои онро дорад, ки […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агентии байнулмилалӣ оид ба рейтингҳо (радабандиҳо)-и Standard & Poor's Global мавқеи Тоҷикистонро дар радабандии дароз муҳлат оид ба уҳдадориҳо дар асъори хориҷӣ ва миллӣ аз «В-» то «B» беҳтар кард.

“Агентӣ ба ҷумҳурӣ “пешгӯии устувор”-ро муносиб донист”, – гуфта мешавад дар хабари сомонаи расмии S&P.  

Радабандии дарозмуҳлати қарзии S&P «В» маънои онро дорад, ки эмитент (қарзгиранда) пардохтпазир аст, аммо шароити ноустувори иқтисодӣ метавонад ба имкониятҳо ва омодагии ӯ барои пардохти қарзҳо таъсир расонад.

Таҳлилгарони агентӣ арзёбии худро бо «рушди қавии иқтисод» ва «назорати касри буҷет, ки ба нигаҳдории сатҳи холиси қарз ба таври устувор дар зери 30% аз ММД имкон медиҳад, шарҳ медиҳанд».

«Ҳарчанд дар идоракунӣ ва шаффофият дар корхонаҳои давлатӣ камбудиҳо боқӣ монанд ҳам, созишномаи нави Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба коҳиши хавфҳои марбут ба уҳдадориҳои шартӣ кӯмак мекунад», – зикр мекунанд мутахассисони S&P.

Ғайр аз ин, таъкид мешавад, ки дастрасӣ ба маблағгузории имтиёзноки хориҷӣ ва захираҳои асъории нисбатан кофӣ бояд ба ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои талаботи баргардонидани вомбаргҳои аврупоӣ (евробондҳо) ва коҳиши фишорҳои эҳтимолӣ ба тавозуни пардохтҳо кумак кунад.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, қарзи давлатии Тоҷикистон дар оғози нимсолаи дуюми соли ҷорӣ 3,6 млрд долларро ташкил дод, ки 27,5% ММД-ро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 3,2 млрд доллар (88%) қарзи хориҷӣ ва тақрибан 400 млн доллар (12%) қарзи дохилӣ мебошад.

Захираҳои тилло ва асъори кишвар дар аввали соли ҷорӣ ба 5,5 моҳ пӯшонидани воридот баробар буданд, ки тибқи баҳодиҳии Бонки миллӣ, аз меъёрҳои кофӣ будани захираҳо барои кишварҳои рӯ ба тараққии муассисаҳои молиявии байналмилалӣ зиёд аст.

Қисми асосии ин захираҳоро асъори хориҷӣ, аз ҷумла ҲСД (Ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ – воситаи захиравӣ ва пардохтӣ ХБА) ва сандуқи сармоягузории хориҷӣ ташкил медиҳад.

Standard & Poor’s бо қароргоҳ дар Ню-Йорк яке аз панҷ агентии бонуфузи ҷаҳон оид ба радабандӣ мебошад.

Ин созмон дар асоси созишномаи дуҷониба ба Тоҷикистон барои ба Тоҷикистон додани мақом дар радабандии мустақили қарзӣ машғул аст. Бар асоси созишнома, агентӣ вазъи иқтисодӣ ва дараҷаи амнияти иқтисодии кишварро арзёбӣ мекунад.

Маълумоти таҳлилии агентӣ ба мақоми додашуда дар радабандӣ барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ истифода шуда, дастрасӣ ба бозорҳои молиявии байналмилалиро барои ҷумҳурӣ боз мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.