Корхонаи коркарди нафти Данғара шарик ва ашёи хом барои коркард меёбад?

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Мақомоти Тоҷикистон ният доранд, ки бо ширкати нафти “Татнефт”-и Тотористони Русия ҷиҳати роҳандозии фаъолияти корхонаи бузурги коркарди нафти TK-Oil дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дар вилояти Хатлон ҳамкориро ба роҳ монанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар ҷараёни форуми доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Тотористон дар Душанбе изҳор намуд, ки яке аз масъалаҳои калидии ба сатҳи баландтар бардоштани ҳамкориҳо байни ҷумҳуриҳо беҳбуди имконоти истеҳсоли маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ мебошад.

Ӯ зикр кард, ки дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” корхонаи коркарди нафт сохта шудааст, ки онро ба сармоягузорони тотор манзур мекунанд.

“Ман бар ин назарам, ки аз рӯи ҳамкориҳои мутақобила, таъсиси механизмҳои нави ин корхона дар ҳамдастӣ бо “Татнефт” мо имкониятҳои зиёд барои пешрафтро дорем”, – иброз доштааст вазир.

Моҳи феврали соли равон Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар таъмин бо ашёи хом ва мавриди амал қарор гирифтани корхонаи коркарди TK-Oil ширкати SOCAR-и Озарбойҷон кумак мекунад.

“Дар рафти гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба хулосаи ягона расиданд, ки SOCAR бо назардошти таҷрибаи бойи худ ва имконоти васеъ TK-Oil-ро ҳам дар мавриди амал қарор гирифтан ва ҳам минбаъд таъмин кардани он бо ашёи хом (нафт) дастгирӣ мекунад”, – зикр карда буданд дар Вазорат.

Зикр шуда буд, ки айни замон ширкати Озарбойҷон ҳуҷҷатҳоеро, ки аз ҷониби TK-Oil пешниҳод шуд, мавриди омӯзиш қарор додааст.

“Кор ҷараён дорад ва умедворем, ки ояндаи наздик корхона ба истифода дода мешавад”, – гуфта буданд дар Вазорати рушди иқтисод.

Сохтмони корхонаи коркарди нафти мазкур бо иқтидори лоиҳавии 1,2 млн тонна нафт дар як сол моли 2014 дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” оғоз шуд. Сохтмони ин иншооти саноатӣ соли 2018 ба охир расид. Он аз ҷониби корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин TK-oil сохта шуда, ширкати Dong Ying heli Investment and Development муассиси он мебошад. Аммо бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хоми муносиб аз ҳамон замон фаъолият надорад. Давра ба давра дар бораи нияти аз Қазоқистону Туркманистон ва Эрон интиқол додани нафт ба ин корхона хабар дода мешуд.

Коршиносони мустақил ҳанӯз аз оғози замони сохтмони корхона аз бунёди чунин корхонаи бузурги коркарди нафт дар қаламрави кишвар, ки захираҳои кофии нафт надорад, изҳори тааҷҷуб мекарданд.

Барои маълумот, соли 2023 истихроҷи нафт дар Тоҷикистон тибқи маълумоти оморӣ, ҳамагӣ 18 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ҳудуди 1,5% аз талаботи умумии корхонаи кокардаи нафти “Данғара”-ро ташкил медиҳад.

Соли гузашта дар ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаҳои хурди амалкунандаи коркарди нафт ҳудуди 4,2 ҳазор тонна бензин, 2 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ (солярка), ҳудуди 3,9 ҳазор тонна мазут ва 3,2 ҳазор тонна битум истеҳсол карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ, соли 2023 ба Тоҷикистон зиёда аз 1 млн тонна маҳсулоти нафтӣ ва 411 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст.Таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ Русия ва бо гази моеъ – Қазоқистон дониста мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...