Дар Душанбе боз як ронандаи таксӣ дар ҳолати мастӣ боздошт шуд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе ронандаи таксиро дар ҳолати мастӣ аз машрубот боздошт карданд. Дар ин бора Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад.

Нисбати сокини 35-солаи ноҳияи Тоҷикобод Ҷаҳонгир Саидов, ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа Рио” бо моддаи 332 КҲМ Тоҷикистон (Идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (21,6 ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

“Мутаассифона вақтҳои охир вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан дар ҳолати мастӣ идора намудани нақлиёт, аз ҷониби ронандагони мусофирбар (таксӣ) бештар ба назар мерасанд”, – зикр мекунанд дар Раёсат.

Ҳафтаи гузашта низ Раёсат аз қонушиканиҳои таксиронҳо хабар дода буд. Дар як ҳолат роннадаи автомашинаи BYD Раҳимхон Салимов ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ баромада, дар натиҷа ҳолати садамавӣ ба миён омад. Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, корбарон изҳори норозигӣ карданд. Нисбати Салимов протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ ҷарима шуд.

Дар ҳолати дигар ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҷак” Комилҷон Холов дар ҳолаи мастӣ ҳангоми идораи автомашина боздошт шуд. Сарфи назар аз машғул будан ба хидматрасонӣ ба мусофирон, ӯ дар ҳолати мастӣ мошинро идора карда, ҷони атрофиёнро зери хатар гузошт. Нисбати Холов низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, парванда ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Раёсати ВКД аз ронандагон даъват кардааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд, то ки аз ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ шуда, ҷони шаҳрвандон дар амон бимонад.

Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт (дар ҳамин давраи соли 2023 – 492 ҳодиса) рух дода, бар асари онҳо 236 нафар ҳалок ва 570 кас ҷароҳат бардоштанд. Шумори ҳодисаву ҷабрдидагон  ва ҳалокшудагон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 11,8%, 13,3% ва 22,3% зиёд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...