Се ҷудокори тоҷик дар 5-гонаи беҳтарини радабандии ҷаҳонӣ

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Федератсияи байнулмилалии ҷудо радабандӣ (рейтинг)-и навшудаи варзишгаронро нашар кард. Варзишгарони тоҷик низ ба он шомиланд.

Дар радабандии навшуда ҷудокор Темур Раҳимов дар вазни +100 кг миёни ҳамаи ҷудокорони тоҷик пешсаф аст. Дар байни варзишгарони гаронвазн ӯ 6200 имтиёз касб карда, дар зинаи 3-юм дар ҷаҳон ҷойгир шудааст.

Дар зинаи 2-юм байни ҷудокорони тоҷик Сомон Маҳмадбеков (вазни 81 кг) қарор дорад. Ӯ ба зинаи 5-ум дар ҷаҳон баромада, 4980 имтиёз дорад. Қобили зикр аст, ки чанде қабл дар Олимпиада Раҳимов ва Маҳмадбеков ба дарёфти медаҳои биринҷӣ шарафёб гардиданд.

Мақоми сеюмро миёни тоҷикистониён Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни 66 кг касб кардааст. Ӯ 4381 имтиёз дошта, дар зинаи 5-ум дар ҷаҳон қарор драд. Чорумӣ аз тоҷикистониҳо Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни 73 кг мебошад, ки 2760 имтиёз дошта, дар мақоми 19-уми радабандӣ ҷойгир шудааст. Обид Ҷебов (66 кг) низ дар сафи 5-гонаи беҳтаринҳо миёни варзишгарони Тоҷикистон ҷойгир шуда, 2934 имтиёз дорад ва дар мақоми 22-юми радабандӣ қарор гирифтааст.   

Дар идомаи рӯйхат Комроншоҳи Устопириён (90 кг) – 2382 имтиёз ва зинаи 27-ум дар ҷаҳон, Муҳаммадсолеҳ Қувватов (60 кг) – 2013 имтиёз ва зинаи 29-ум дар ҷаҳон, Абӯбакр Шеров (73 кг) – 1735 имтиёз ва зинаи 30-юм, Ҷаҳонгир Маҷидов (100 кг) – 1850 имтиёз   ва зинаи 31-ум, Меҳрзод Сӯфиев (60 кг) 835 имтиёз ва зинаи 57-ум дар ҷаҳон. Ҷудокорони дар боло зикршуда 10-гонаи беҳтарини намояндагони Тоҷикистон дар ин ин навъи варзиш мебошанд.

Қобили зикр аст, ки пас аз анҷоми Бозиҳои олимпӣ дар Париж даври интихобии минбаъда барои дарёфи роҳхат ба Бозиҳои соли 2028 оғоз мегардад. Дар ин бора иловатан эълон нашр карда хоҳад шуд.

Тоҷикистон бори нахуст дар таърих 6 роҳхати олипмӣ гирифта, аз натиҷаи беҳтарини худ гузашт. Меъёри олимпиро 7 ҷудокори тоҷик иҷро карда, лекин танҳо 6 нафар ба Бозиҳои олимпии соли 2024 рафтанд, зеро дар як вазн дар Париж метавонист танҳо 1 нафар аз ҳар дастаи мунтахаб қувваозмоӣ кунад. Дар Бозиҳои Париж-2024 Раҳимов, Эмомалӣ, Маҳмадбеков, Хоҷазода, Устопириён ва Маҷидов иштирок карда, ба ду нафар аз онҳо дарёфти медал муяссар шуд.

Ба сурати умум ҳар кадоме аз намояндагони кишвари мо ба мубориза барои дарёфти роҳхат имкон доранд, лекин барои ин дар мавсим мебояд дар 6 то 8 мусобиқа иштирок кард. Ва натанҳо иштирок лозим аст, балки  кӯшиш ба харҷ додан зарур аст, ки натиҷа ҳарчи зиёдтар муваффақона бошад, то ки имтиёз ба даст оварӣ.

Радабандӣ аз рӯи натиҷаи иштироки варзишгарон дар арсаи байнулмилалӣ таҳия мешавад. Бо гузашти вақт арзиши натиҷаҳои хеле пешина кам шуда, онҳоро натоиҷи муҳиму рӯзмарра иваз мекунанд.

Ҳамчунин дигар вижагиҳои ҳисоб вуҷуд доранд. Масалан, ба ҳисоби ҷудокор 6 нишондиҳандаи беҳтарин дар як сол дохил мешавад. Вобаста ба мақоми мусобиқа, ба варзишгарон барои ҳунарнамоӣ дар арсаи байнулмилалӣ имтиёзҳои гуногун дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.