Суғд. Мусодираи наздики 30 силоҳи сард аз як ҷавон дар доираи амалиёти “Корд”

Милитсияи вилояти Суғд як ҷавонро боздошт кардааст, ки ба фурӯши силоҳи сард, мисли корду ханҷарҳои кисагӣ машғул аст. Аз ин ҷавон наздикӣ 30 адад силоҳи сард мусодира шудааст. Дар ин бора Акбар  Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст. Манбаъ аз ин ҷавон Сайдуллохӯҷа Нормаҳмадов, сокини ноҳияи Бобоҷон […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Милитсияи вилояти Суғд як ҷавонро боздошт кардааст, ки ба фурӯши силоҳи сард, мисли корду ханҷарҳои кисагӣ машғул аст. Аз ин ҷавон наздикӣ 30 адад силоҳи сард мусодира шудааст. Дар ин бора Акбар  Шарифӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ додааст.

Манбаъ аз ин ҷавон Сайдуллохӯҷа Нормаҳмадов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ном бурда, гуфтааст, ки дар доираи амалиёти “Корд” аз ӯ дар ҳудуди бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд 26 адад корду ханҷари кисагӣ дарёф карда шуд.

“Нисбати Сайдуллохӯҷа Нормаҳмадов барои нигоҳ доштан ё фурӯши… силоҳи сард (моддаи 492) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон парванда боз гардида, тафтишот идома дорад”, – гуфт Акбар Шарифӣ.

Ин банди қонунгузорӣ аз 72 то 144 сомонӣ ё аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисбоҳо 72 сомонӣ) ҷарима муайян кардааст.

Тавре дар  барнома зикр мешавад, амалиёти “Корд”дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо мақсади пешгирӣ аз истифодабарии наврасону ҷавонон аз олотҳои тезу бурранда, бо худ гирифта гаштани ҳаргуна предметҳои теғадору осебрасонанда роҳандозӣ шудааст.

Тавре  дар барнома зикр  шудааст  фурӯши асбобҳои бурандаю халанда тибқи қонун манъ буда, фурӯши ин гуна асбобҳо ҷиноят аст.

“Зеро дар таҷрибаи амалии фаъолияти мақомоти милитсия борҳо бо истифода аз корд ва предмету ашёҳои халандаю бурранда ё сахту карахт ҷиноятҳо ба муқобили ҳаёту саломатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар баъзан маврид фоҷеавӣ анҷомидааст”, – гуфта мешавад дар барнома.

Қаблан, милитсияи Душанбе ва Хатлон ҳам амалиёти “Корд” гузаронида, аз чандин фурӯшанда ва ноболиғону ҷавонон садҳо силоҳи сард, мисли корду ханҷарҳои кисагӣ, кастет, битта, электрошокер ва табар дарёфт ва мусодира карда буданд.

Гуфт мешавад, ки баъзан дар муноқишаҳои кӯчагӣ ҷавонону наврасон аз чунин силоҳҳои сард истифода мекунанд, ки баъзе вақт боиси марги ҳамсолонашон мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.