Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон ба Остона меравад

Пагоҳ, 17-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти дуввуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон меравад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон пагоҳ, 17-уми сентябр дар Остона бо ширкати сарони 5 давлати Осиёи Марказӣ ва садри аъзами […]

Asia-Plus

Пагоҳ, 17-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти дуввуми сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон ба шаҳри Остонаи Қазоқистон меравад. Дар ин бора як манбаъ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон пагоҳ, 17-уми сентябр дар Остона бо ширкати сарони 5 давлати Осиёи Марказӣ ва садри аъзами Олмон Олаф Шолтс баргузор мешавад.

Шолтс ҳоло бо як сафари расмӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад ва интизор меравад, ки давоми рӯз ба Остона равад.

Манбаъи мо гуфт, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои хориҷӣ ва чанде аз шахсони расмии дигар ҳамроҳӣ хоҳанд кард.

Маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Олаф Шолтс ё дигар сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳошияи ин нишаст суҳбати хоса анҷом медиҳад ё не.

Нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ+Олмон моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Берлини Олмон бо ширкати роҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер баргузор шуда буд.

Дар ҳошияи нишасти соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуда, бо як қатор роҳбарони воломақоми Олмон масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дигар масъалаҳои мубрамро баррасӣ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.