Нигаронии Қоҳир Расулзода аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия

Asia-Plus

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия гуфт, Тоҷикистон аз вазъи санҷишҳои муҳоҷирон дар Русия, ки дар ҷараёни онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ поймол мешаванд, нигарон аст. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин ҳол, Русия шумораи ҷалби муҳоҷирони кориро аз Тоҷикистон зиёд мекунад.

"Мо аз тамоили густурдаи поймол кардани ҳуқуқ ва озодиҳои асосии шаҳрвандони мо ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо барои танзими раванди муҳоҷират дар Русия нигаронем. Ҳолатҳои роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон бо ишораи норавшани "таъмини амният" афзоиш меёбанд", – зикр  кард ӯ.

Сарвазири Тоҷикистон зикр кард, ки ҳолатҳои роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо баҳонаи "таъмини амният" ба қайд гирифта шудаанд.

Ӯ таъкид кард, ки дар марз одамон метавонанд "соатҳо ва ҳатто рӯзҳо" нигоҳ дошта шаванд ва ин мушкилот натанҳо ба шахсони одӣ, балки ба аъзои ҳайатҳои расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон ва кӯдакон низ дахл дорад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сарвазири ҷумҳурӣ, талабот ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон аз ҷониби корфармоёни рус зиёд мешавад.

Ӯ даъват кард, ки ба ҳалли воқеан муассири масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират гузаштан лозим аст, то ки дар ин масъала байни кишварҳо ҳамдигарфаҳмӣ ҳосил шавад.

Муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин, ки дар ин вохӯрӣ ширкат дошт, изҳор намуд, ки Русия ва Тоҷикистон барои назорати раванди муҳоҷират бояд гурӯҳи корӣ ташкил кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, пас аз таъсиси ин гурӯҳ ва тағйир додани қонунгузории муҳоҷирати Русия, дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад буд.

Ҳоло дар Думаи давлатӣ якчанд лоиҳаи қонунҳо, ки ба танзими сиёсати муҳоҷират равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доранд.

“Комилан бояд дарк намуд, ки дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ намешавад. Яъне мо ин равандро ба тартиб меорем, захираҳои кориро назорат мекунем, ба мо қувваи корӣ лозим аст, лекин ин кор комилан қонунӣ сурат хоҳад гирифт”, – зикр кард ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, оид ба ин масъала гурӯҳи кории алоҳида таъсис додан зарур аст, “то ки тамоми амалҳои марбут ба таъмини амнияти ҳар ду кишвар ба нақша гирифта шаванд ва мо бидонем, ки кӣ меояд, чӣ гуна меояд ва чӣ тавр мо метавонем кумак расонем”.

“Қонунгузории Русия хеле ҷиддӣ тағйир меёбад, бинобар ин зарур аст, ки дар сатҳи васеъ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташкилӣ гузаронида шаванд, то мубодилаи маълумот дуруст ба роҳ монда шуда, мо дақиқ дарк кунем, ки минбаъд чӣ гуна амал хоҳем кард".

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...