Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик нигаронӣ кард

Asia-Plus

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, махсусан муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик дар “қаламрави як қатор кишварҳои ИДМ” нагаронӣ кард. Дар ин бора аз ВКХ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, вазир зимни суханронии дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ ба далелҳои роҳ надодан ва манъи вуруди донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла онҳое, ки тибқи квотаҳои ҳукуматӣ ҷудо карда шудаанд, таҳсил мекунанд, таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардааст.

“Чунин муносибат ба принсипҳои бунёдии инсондӯстӣ ҷавобгӯ набуда, принсипҳои асосии фаъолияти ИДМ-ро зери шубҳа мегузорад. Мо чунин мешуморем, ки бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират зарур аст, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари хуруҷ, худи шаҳрвандони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллиро баробар ба инобат гирад”, – таъкид кардааст Сироҷиддин Муҳриддин.

Ҳарчанд вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз кишвари мушаххас ном набурадааст, вале тайи чанд моҳи охир фишор болои муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия кору таҳсил мекунанд, якбора зиёд шудааст.

Мақомоти Русия донишҷӯёни тоҷикро ба Русия роҳ намедиҳанд ва муҳоҷирони меҳнатиро дар сарҳадҳои ин кишвар соатҳо нигоҳ дошта, баъдан дубора ба Тоҷикистон мефиристанд ва ё вурудашонро ба Русия манъ мекунанд.

Ин ҳодисаҳо махсусан, баъди ҳамла ба “Крокус Сити Ҳол”, ки дар пайи он 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асосӣ боздошт шуданд, зиёдтар шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар Маскав гуфтааст, ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати дарпешистода дар ИДМ ба кишварҳои узв пешниҳод мекунад, то кори муштаракро барои мувофиқа кардани лоиҳаи ҳуҷҷатҳое, ки муддати тӯлонӣ дар баррасӣ қарор доранд, фаъол созанд.

Ӯ ба таври мисол аз “Консепсияи ташаккули марҳилавии бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатӣ”, “Созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ” ва “Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи тартиби тафтиши садамаҳои истеҳсолӣ, ки ба коргарон ҳангоми берун аз давлатҳои истиқоматашон рух додаанд” ёдоварӣ кардааст.

Дар чанд рӯзи охир, ин дуввумин мансабдори баландпояи Тоҷикистон аст, ки аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия нигаронӣ мекунад.

Ҳафтаи гузашта, Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия, ки Марат Хуснулин ширкат дошт, гуфт, “Тоҷикистон аз вазъи санҷишҳои муҳоҷирон дар Русия, ки дар ҷараёни онҳо ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ поймол мешаванд, нигарон аст”.

Сарвазири Тоҷикистон зикр кард, ки ҳолатҳои роҳ надодан, манъи вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо баҳонаи "таъмини амният" ба қайд гирифта мешавад.

Ӯ таъкид кард, ки дар марз одамон метавонанд "соатҳо ва ҳатто рӯзҳо" нигоҳ дошта шаванд ва ин мушкилот натанҳо ба шахсони одӣ, балки ба аъзои ҳайатҳои расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон ва кӯдакон низ дахл дорад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи сарвазири ҷумҳурӣ, талабот ба қувваи корӣ аз Тоҷикистон аз ҷониби корфармоёни рус зиёд мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...