Вазорати маориф ва илм ҷузъиёти латукӯби омӯзгорро дар мактаби №8-и Ваҳдат гуфт

Asia-Plus

Санҷиши гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маълум кардааст, ки воқеан, Файзихон Раҷабова, омӯзгори мактаби №8 шаҳри Ваҳдат аз ҷониби модари яке аз хонандагони синфи 8 мавриди латукӯб қарор гирифта, ҳоло дар беморхона бистарӣ аст. Ин ниҳод гуфтааст, латукӯби Раҷабова “қонунвайронкунии ҷиноятӣ” мебошад.

Маркази матбуоти вазорат ба “Азия-Плюс” гуфт, Файзихон Раҷабова, омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи ин мактаб рӯзи 5-уми октябри соли равон аз ҷониби Фируза Сармисоқова, модари Шаҳзода Муминова, хонандаи синфи 8 “г”-и муассиса латукӯб шудааст.

Ҳодиса баъди он сар задааст, ки Шаҳзода Муминова дар дарси “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” раванди дарсро чанд маротиба вайрон карда, ба таъкидҳои муаллим баръакс вокуниш нишон додааст.

“…дар раванди дарс вобаста ба якчанд ҳолатҳои вайронкунии дарс омӯзгор аз хонанда Муминова Шаҳзода эрод гирифта, хонанда бошад, худро ислоҳ накарда ба эродҳои омӯзгор вокуниш нишон медиҳад, ки дар натиҷа байни онҳо баҳс ба миён омада, муаллима маҷбур мешавад, ки ба рафтори хонанда баҳои “2” гузорад”, – гуфта мешавад дар вокуниши вазорат.

Ба иттилои ин ниҳод, вақте ки модари хонанда аз баҳси фарзандаш бо муаллим огоҳ мешавад, “бо мақсади танбеҳи омӯзгор” ба мактаб рафта,  “дар дохили синфхона бо Файзихон Раҷабова ҷанҷол намуда, омӯзгорро зери латукуб қарор додааст”.

Модари хонанда замоне аз баҳс огоҳ шудаст, ки Муминова Шаҳзода ҳамроҳи ҳамсинфону хонандагони мактаб барои таҷлили зодрӯзаш ба хонааш рафтаанд.

Гурӯҳи кории вазорат бо такя ба Иттифоқи касабаи ин мактаб навиштааст, ки Файзихон Раҷабова 4 сол боз дар муассиса кор мекунад ва “муносибаташ бо аҳли кормандон ва хонандагон хуб буда, ягон арзу шикояд нисбати ӯ то ин дам ба Иттифоқи касаба ворид нагардидааст”.

Файзихон Раҷабова дар робита ба ҳодисаи мазкур ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат муроҷиати расмӣ кардааст ва ҳоло тафтиши ҳодиса идома дорад.

Гурӯҳи кории вазорат бо кормандони мактаби №8 мулоқот карда, ҳамчунин, аз аҳволи Раҷабова Файзихон дар беморхона хабар гирифтаанд.

“Вазорати маориф ва илм амали Сармисоқова Фируза – модари хонандаи сини 8 “г”-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 шаҳри Ваҳдатро маҳкум намуда, қайд менамояд, ки дар асоси моддаи 52 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” шаъну шарафи омӯзгор таҳти муҳофизати давлат қарор дорад. Фаъолияти касбии омӯзгор танҳо дар доираи касбӣ, аз ҷониби шахсон ва мақомоти дахлдори давлатии соҳаи маориф баррасӣ карда мешавад”, – навиштааст вазорат

Ин ниҳод мегӯяд, латукӯби Файзихон Раҷабова “ҳамчун амали ғайриқонунӣ ҳисобида шуда, илова ба асосҳои болозикр ҳамчунин қонунвайронкунии ҷиноятӣ ҳисобида мешавад, ки айни ҳол аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ мавриди баррасӣ қарор дорад”.

Ёдовар мешавем, ки Файзихон Раҷабова бо нашри як муроҷиатнома аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон хоста буд, ки ҳодисаи латукӯби ӯ аз ҷониби волидайни як хонанда таҳқиқ карда шуда, нисбати гунаҳкорон чора андешад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...