“Изҳороти тоҷикситезона”. Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Як масъули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳарфҳои вакили Думаи давлатии Русия Михаил Матвеев перомуни дарси "Таърих" дар мактабҳои кишвар вокуниш кард ва гуфт, ки ин суханҳо ба сиёсати байни Тоҷикистону Русия латма хоҳад зад.

Матвеев гуфта буд, ки “дарси таърих дар мактабҳо русӣ дар Тоҷикистон бар зидди Русия тадрис мешавад”.

Шоҳин Самадӣ, сардори Раёстаи иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар вокунишаш, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, навишт, “аз парлумони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар ҷараёни ҳамоиши дарпешистодаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе масъалаи изҳороти тоҷикситезонаи ин вакили парлумони Русия баррасӣ карда шавад”.

Ӯ гуфтааст, дар бораи чунин мавзӯъҳо олимон, таърихшиносон ва намояндагони Вазорати маориф ва илм посух медиҳанд.

“Аз ҷониби худ ба ҷаноби Матвеев тавсия медодам, ки китоби дарсии "Таърихи Русия" (таҳти таҳрири Н. М. Арсентев, А. А. Данилов, Левандовский А. А.), қисми 1, барои синфи 9-ро, ки аз тарафи мақомоти масъули Русия барои хонандагони муассисаҳои таълимии Русия тавсия шудааст, мутолиа кунад. Бигзор ба саҳифаҳои 154 ва 155-и ин китоби дарсӣ таваҷҷуҳ кунад”, – таъкид кард Самадӣ.

Ӯ дар бораи ба истилоҳ “геносид” (наслкушӣ)-и солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон, ки Матвеев дар ин бора сухан гуфтааст, илова кард, ки “ин барангехтани воқеии кинаву адовати байни миллатҳост, ки бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия ва Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”.

Ҳамин  тавр, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки “дар асл шунидани чунин суханҳо аз шахсе, ки бо тоҷикситезӣ ва муҳоҷирбадбинии худ машҳур шудааст, ҳайратовар нест”.

Ӯ ҳадафи ин баёнияи баҳсбарангезу тоҷикситезонаи Матвеевро “бозӣ бо эҳсосоти интихобкунандагони “зудбовар”и худ” номид, ки ба ӯ овоз додаанд, то вакили Думаи давлатии Русия интихоб шавад.

“Чунин изҳорот ғайр аз зарар ба шарикии стратегӣ ва иттифоқи Тоҷикистону Русия чизи дигаре намеорад”, – таъкид кард Шоҳин Самадӣ.

Михаил Матвеев рӯзи 5-уми октябр ба “NEWS.ru” гуфт, ки дар китобҳои таърихи Тоҷикистон ҳамроҳшавии Туркистон ба империяи Русия бо истилоҳоти “ҳуҷум”, “ишғол” ва “мустамликакунӣ” тавсиф мешавад.

Ҳамасола Русия ба мактабҳои русзабони Тоҷикистон ҳазорҳо китоб равон мекунад. Бори охир Фонди “Моя история” (Таърихи ман) ба Вазорати маорифи Тоҷикистон зиёда аз 371 ҳазор китоби дарсии забони русӣ барои хонандагони синфҳои аз 1 то 11-ро супорид. 

Ҳамасола ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд ва аксаран зери фишору таъқиби мақомоти ин кишвар қарор мегиранд. Махсусан баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол”, ки 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар дастгир шуданд фишор болои тоҷикон афзоиш ёфт.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам чанд рӯзи охир аз нақзи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик дар Русия нигаронӣ карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз аз соати 11:30 то 16:00 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи Ҷопон дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар давоми рӯз дар ошёнаи аввали...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...