Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Милитсияи шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон даъват намуд, ки ҳушёр бошанду ба фиреби шахсоне, ки худро маъюб вонамуд сохта, ба талбандагӣ машғуланд, бовар накунанд. Муроҷиати Раёсати ВКД-и пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо нашр шудааст.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД, аксари онҳо маблағеро, ки аз ин ҳисоб ба даст меоранд, ба нӯшидани  машрубот сарф мекунанд.

“Аз ин лиҳоз, аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳиллаву макр ва мардумфиребии чунин афрод бовар накунанд, – омадааст дар муроҷиат. –  Баръакс,  ба хонаи ятимону бепарасторон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд, хайру эҳсон намоед”.

Чанде пеш дар ҷараёни амалиёти фаврӣ ду тан аз чунин қаллобон боздошт шуданд. Яке аз онҳо Қувват Низомови 53-сола аст, ки ҳарчанд ҷисман солим аст, вале худро маъюб вонамуд сохта, ба талбандагӣ машғул мебошад. Нисбаташ маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, мавриди чораҷӯӣ қарор дорад.

Дар ҳолати дигар Ҳошимҷон Ҷумъаеви 48-сола боздошт шудааст, ки ӯ низ як дасти худро зери бағал пинҳон намуда, худро ҳамчун маъюбу дардманд вонамуд кардааст.

Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки Ҳошимҷон Ҷумаев ҷисман солим буда, ба ин васила маблағ ба даст меорад ва барои истеъмоли машрубот сарф мекард. Ҳодисаи мазкур мавриди чораҷӯӣ қарор дорад.

Ахиран мақомоти милитсияи Тоҷикистон, аз ҷумла милитсияи пойтахт оид ба ошкор сохтани категорияи муайяни шахсон чорабиниҳои гуногуни фаврӣ мегузаронад. Якез аз чунин чорабиниҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс шуд, амалиёти “Ахлоқ” мебошад. Дар ҷараёни он дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо занону духтарон барои суҳбат ва санҷиши гирифторӣ ба бемории ВНМО/БПНМ (ВИЧ/СПИД) боздошт мешаванд. Тавре ки қаблан дар Раёсати ВКД Душанбе хабар дода буданд, ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ мебошад.

Ҳамчунин ҳодисаҳое низ зиёд мешаванд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ занону духтаронро гӯё барои рафтори ношоиста ва ғайриахлоқӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт мекунанд. Ин ҳодисаҳо мавриди баррасиву интиқод аз ҷониби ҷомеа қарор мегиранд.

Бисёре аз коршиносон ва фаъолон бар ин назаранд, ки мақомоти милитсияи Тоҷикистон ба “милитсияи ахлоқ” табдил ёфта, бо нақзи ҳуқуқи занон аз ҳадди ваколатҳои худ берун мебарояд.

Ҳуқуқшиносон мутмаинанд, ки дар ҳолати боздошти занони блогер аз лиҳози назариявӣ онҳоро бо моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Майдаавбошӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ) ҷазо додан имкон дорад. Аммо чун истилоҳҳои “шабакаи Интернет” ва “шабакаи иҷтимоӣ” дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамчун ҷойҳои ҷмаъиятӣ зикр нашудаанд, амали занону духтарони “гунаҳкор” ба сифати қонуншиканӣ дониста намешаванд.

Барои асоси қонунӣ доштани чунин боздошту ҷазоҳо, инчнуин назорати мундариҷаву муҳтаво дар шабакаҳи иҷтимоӣ, ба қонунгузорӣ тағйироту иловаҳо ворид намудан лозим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...