Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими Русия даст кашид

Asia-Plus

Дастаҳои мунтахаби футболи Русия ва Тоҷикистон дар моҳи ноябр бозии дӯстона анҷом намедиҳанд. Дар Душанбе изҳор намуданд, ки онҳо даъвати ҷониби Русияро дарёфт карда, аммо барои ин рӯзҳо мунтахаби Тоҷикистон аллакай барои бозӣ бо дигар дастаҳо гуфтушунид кардааст. Дар ин бора РБК хабар медиҳад.

Сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон Фаридун Солиев ба нашрияи Sport24 сабаби дар моҳи ноябр баргузор нашудани бозии дӯстона бо Русияро чунин шарҳ додааст:

“Дар моҳи июл Иттифоқи футболи Русия (РФС) ба мо номаи расмӣ фиристода, пешниҳод намуд, ки дар яке аз танаффусҳои моҳҳои сентябр, октябр ё ноябр дар Русия бозии дӯстона анҷом диҳем. Моҳи сентябр мо дар як мусобиқа дар Малайзия иштирок кардем, ин моҳ ба мусобиқаи Ҷоми Шоҳигарӣ ба Таиланд меравем ва моҳи ноябр низ рақибони дигар дорем. Ғайр аз ин, дар моҳи ноябр мо танҳо бозиҳои хонагиро ба нақша гирифтаем, аммо ҷониби Русия бозӣ дар қаламрави Русияро пешниҳод кард. Аз ин рӯ, нақшаҳо мувофиқ наомаданд.

Ҳоло мо дар мавриди бозиҳои дӯстона бо дигар кишварҳо гуфттушунид дорем. Дар моҳи марти соли оянда аввалин бозии интихобии мо ба Ҷоми Осиё баргузор мешавад ва мунтахаби Тоҷикистон ба он ҷиддан омодагӣ мегирад. Аз ин рӯ, пас аз дарёфти номаи ҷониби Русия дар моҳи июл, мо фавран дар бораи ғайриимкон будани баргузории вохӯрӣ хабар додем. Вале мо изҳор доштем, ки омодаем дар бораи вақтҳои дигар, лекин на имсол, балки эҳтимол дар соли оянда гуфтушунид кунем”, – иброз дошт Фаридун Солиев.

Ёдрас мекунем, ки охирин бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби Русия ва Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2022 дар Душанбе баргузор шуда, бо натиҷаи 0:0 ба поён расид.

Қаблан зикр гардида буд, ки дастаи мунтахаби Покистон низ аз бозии дӯстона бо Русия, ки барои моҳи октябр ба нақша гирифта шуда буд, даст кашид. Дар Федератсияи футболи Покистон изҳор намуданд, ки барои омодагӣ ба бозӣ фурсат намеёбанд, вале барои барои бозӣ дар моҳи ноябр изҳори омодагӣ карданд. Ҳамчунин хабарҳо буданд, ки дастаи Танзания низ бозӣ бо мунтахаби Русияро рад кардааст.

Айни замон мунтахаби Русия барои бозии дӯстона рақиби тасдиқшуда надорад. Тибқи иттилои пешинаи нашрияи Sport24, Русия ва Туркманистон пешакӣ мувофиқа ҳосил намуда, бозӣ метавонад 15 ноябр дар шаҳри Москва баргузор шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...