Русия алайҳи 5 ҳазор хориҷие, ки баъди ихроҷ бо тағйири ному насаб кӯшиши вуруд ба ин кишварро кардаанд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст

Asia-Plus

Русия алайҳи 5 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, ки пас аз радди иҷозаи вуруд ба ин кишвар ё ихроҷ аз он бо роҳи тағйир додани ному насаб дигарбора ба ин кишвар рафтаанд, парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ кардааст. Дар оянда бо ҷорӣ шудани низоми беометрӣ дар фурудгоҳ ва нуқтаҳои гузаргоҳи Русия ин раванд зери назорати ҷиддӣ қарор мегирад.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар дода, дар ин робита ба шаҳрвандони кишвар, ки ба Русия муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, тавсияҳо додааст.

Дар хабари ВКД Тоҷикистон гуфта мешавад, ки аз 1-уми декабри соли 2024 дар фурудгоҳҳои марказии Маскав ва нуқтаи гузаргоҳи "Маштаково" низоми муайян кардани шахсияти биометрии шаҳрвандони хориҷӣ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ мешавад.

Баъдан ин низом дар тамоми гузаргоҳҳои сарҳадии Русия татбиқ хоҳад шуд.

Ин раванд шиносии шахсияти шаҳрвандонеро, ки мехоҳанд ба қаламрави Русия ворид шаванд, осон мекунад. Минбаъд бо изи ангушт муайян карда мешавад, ки шаҳрванд чӣ корнома дорад ва то он лаҳза ба қонунвайронкунӣ ё ҷинояте даст задааст ва ё на.

То кунун ВКД-и Русия якҷоя бо мақомоти сарҳадии Хадамоти Бехатарии Федералии Федератсияи Русия (ХБФ РФ) дар ин робита механизме таҳия кардааст.

“…маҳдудияти вуруд ба Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки кӯшиши убури сарҳади давлатиро бо маълумоти тағйирёфтаи шахсият, яъне ивази ному насаби пештараи худ, ки иҷозати вурудро ба ФР надоштанд, қариб 5 ҳазор чунин шаҳрвандони хориҷӣ ошкор гардид. Нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар асоси маълумоти нави шахсият дар бораи манъи вуруд ба ФР қарор қабул карда мешавад”, – омадааст дар хабари ВКД Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки ВКД Тоҷикистон дақиқ нагуфтааст, ки дар миёни ин 5 ҳазор шаҳрвандон, ки ному насаби худро иваз карда, дигарбора кӯшиши ба Русия ворид шудан кардаанд, чанд нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон аз ин пештар ҳам дар ин робита оморе расонаӣ накардаанд ва маълум нест, ки дар асоси он парвандаҳои ҷиноятӣ чанд шаҳрванди кишвар то кунун дастгир шудаанд.

Аммо ин гуна “ҳилаи шаръӣ” натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳои Осияи Марказӣ солҳост, ки истифода мешавад. Аксар шаҳрвандони ОМ, ки бо сабабҳои гуногун аз Русия ихроҷ шудаанд, то кунун бо “роҳ”-и иваз намудани ному насаб дигарбора ба Русия сафар мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...