Эмомалӣ Раҳмон ба Турсунзода рафт. Кадом иншоот ба истифода дода шуд?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Имрӯз, 17-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари кории худ ба шаҳри Турсунзода як қатор иншооти навбунёдро ба истифода дод. Ӯро дар ин сафар Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ҳамроҳӣ намуд.

Нахуст бо иштироки президент дар назди Литсей-интернати шаҳри Турсунзода бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббӣ ифтитоҳ гардид. Бинои иловагии таълимӣ дорои 8 синфхонаи муҷаҳҳаз барои 240 хонанда ва бинои хобгоҳ дорои 48 ҳуҷраи барҳаво бо 400 рахти хоб буда, барои бо ҷойи хоб таъмин намудани хонандагони дурдаст, аз ҷумла шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав пешбинӣ шудааст.

Президенти кишвар дар ҳамон мавзеъ 4 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 2 муассисаи томактабии хусусиро дар шаҳри Турсунзода ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар деҳоти Қаратоғи деҳаи Зарнисори шаҳри Турсунзода бинои дуошёнаи иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №103 ва дар деҳаи Неъматбачаи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии дуошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54 ифтитоҳ гардид.

Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Меҳргони деҳоти “10-солагии Истиқлолият” бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80, ки барои 450 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дод.

Дар деҳаи “Шодиёна”-и деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои иловагии навбунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 мавриди истифода қарор дода шуд. Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷӯрабек Муҳибов бунёд гардидааст.

Дар кӯчаи Охун Бобоеви шаҳри Турсунзода, бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии “Лола” ва дар деҳаи Иттифоқи деҳоти Регари шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии “Гулсум” ба истифода дода шуд.

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи томактабии хусусии “Бибиоиша”-ро дар деҳаи Заркамар 1-и деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмон мавриди истифода қарор дод. Иншооти навбунёди таълимӣ, ки аз 2 ошёна иборат аст, барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани 300-350 кӯдак пешбинӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон  дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода аз хоҷагии деҳқонии ангурпарварии “Ҳоҷӣ Неъмат” дидан намуда, бо намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи хоҷагӣ, аз қабили навъҳои гуногуни ангур, мавизи хушсифат, ширинии аз ангур омодашуда, сабзавот ва дигар зироати кишоварзӣ шинос шуд.

Ҳамчунин дар шаҳри Турсунзода бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Турсунзода, бинои таълимии Литсей –Интернат барои кӯдакони болаёқати шаҳри Турсунзода барои 1000 хонанда дар ду баст, сардхонаи хоҷагии деҳқонии “Ғайрат-2020”, се муассисаи томактабӣ барои 700 кӯдак, 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3500 хонанда дар 2 баст ва корхонаи хиштбарорӣ ва қубурҳои пластикии ҶДММ “Нигора” бо иқтидори 4,6 млн дона хишт ва 3 тонна қубурҳои пластикӣ дар як сол ба  истифода дода шуд.

Дар ҳошияи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода инчунин маркази савдо бо 300 нуқтаи савдо дар маҳаллаи 5-уми шаҳр, марҳилаи дуюми бозори “Ҷаҳони Бозургон" бо 1000 нуқтаи савдо, бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо 192 хона дар кӯчаи Мирзо Турсунзода, дармонгоҳҳои хусусӣ дар кӯчаҳои “15-солагии Истиқлолият” ва “Аҳамади Дониш” мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар онҳо дар маҷмӯъ зиёда аз 1500 нафар  бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...