Назди биноҳои бунёдшаванда дар Душанбе қуттиҳои ҷудогонаи партовҷамъкунӣ гузошта мешаванд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар назди гирду атрофи биноҳои бунёдшавандаи баландошёна дар шаҳри Душанбе нуқтаҳои махсуси партовҷамъкунии зеризаминӣ сохта мешаванд.

Тавре ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин нуқтаҳо мутобиқ ба талаботҳои экологӣ партовҳо бо навъҳо ҷудо гашта, сипас ба қуттиҳо ҷойгир карда мешаванд.

Гуфта мешавад, дар ҳар қуттӣ ҷойгир намудани кадом навъ партов навишта шуда, чунин тарзи муносибат ба партов имконият медиҳад, ки шаҳрвандон дар алоҳидагӣ партовро ба навъҳо ҷудо намуда, сипас онро ба қуттиҳо гузоранд.

“Яъне, бо баланд гардидани маърифатнокии экологии аҳолӣ ва муносибати дилсӯзонаи шаҳрвандон нисбат ба муҳити зист шароите фароҳам оварда мешавад, ки покизагии муҳити зист таъмин гашта, шаҳрвандон дар муҳити поку озода кор ва фаъолият намоянд”, – омадааст дар хабари Кумита.

Ба иттилои манбаъ, бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе дар бораи “Соли маърифати экологӣ” эълон намудани соли 2024 таъмир ва азнавсозии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ идома меёбанд.

Тибқи маълумоти Кумита, дар ин росто ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои дар ҷойҳои номувофиқ ҷойгир намудани партов дар 50 нуқтаи осебпазири ҳудуди ноҳияҳои пойтахт камераҳои мушоҳидавӣ насб карда шуда, ҳамарӯза назорат бурда мешавад.

Дар сурати дар ҷойҳои ноумвофиқ ҷойгир намудани партовҳо, шахсони воқеӣ метавонанд дар ҳаҷми аз 1 то 3 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда 72 сомонӣ – аз 72 то 216 сомонӣ) ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда (аз 7 ҳазор то 14 ҳазор сомонӣ) ҷарима шаванд.

Дар ҳамин ҳол, ба партовгоҳи шаҳрии маишии сахти Душанбе ҳар рӯз тақрибан 700-800 тонна партов оварда мешавад ва ин рақам ҳар сол меафзояд.

Бо сабаби дар пойтахт ва умуман дар Тоҷикистон вуҷуд надоштани таҷрибаи ҷудо кардани партовҳо, ҷудо ва барои коркард равона кардани партовҳо ғайриимкон аст. Аксари партовгоҳҳо ва майдонҳои ҷамъкунии онҳо ба меъёрҳои муосири бехатарӣ мувофиқ нестанд.

Бар асоси ин меъёрҳо, партовҳои хатарнок вобаста ба таъсири онҳо ба дараҷаҳо тақсим шуда, бояд танҳо дар ҷойҳои муҷаҳҳзашудаи махсус ҷойгир карда шаванд. Мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи мониторинги экологӣ», таъсири онҳо ба муҳити атроф бояд зери назорат қарор дода шавад.

Дар ҳар як маҳаллаи аҳолинишин бояд контейнерҳо барои ҷудо кардани партовҳо мавҷуд бошанд, аммо аксаран онҳо нестанд. Дар натиҷа, партовҳо ба замин партофта мешаванд, дар ҳоле ки контейнерҳо холӣ мемонанд ё умуман гузошта нашудаанд.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 70 майдони бузурги ҷамъкунии партов бо масоҳати умумии 300 гектар вуҷуд доранд. Дар қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ» аҳаммияти назорати санитарӣ ва радиатсионӣ дар ҷойҳои нигоҳдорӣ ва дафни партовҳо таъкид шудааст.

Соли 2009 дар бораи бунёди низоми бехатарии муомила бо лампаҳои симобдор қарор қабул шуд, ки дар он ба мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати ташкили нуқтаҳои қабул барои ин лампаҳо ва огоҳ намудани аҳолӣ дар бораи тартиби ҷамъоварии онҳо дастур дода шуд.

Аммо дар амал вазъият дигар аст: пайгирӣ (мониторинг)-и таъсири манфии партовҳои нобудшуда ё гузаронида намешавад, ё нодида гирифта мешавад. Мӯҳлати истифодаи майдонҳои партовҷамъкунӣ ба охир мерасад, аммо ҷамъшавии партовҳо идома ёфта, ҳамзамон дар гирду атрофи онҳо маҳаллаҳои аҳолинишин васеъ мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...