Бонки ҷаҳонӣ пешбинии рушди иқтисоди Тоҷикистонро беҳтар кард

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ пешгӯии рушди иқтисоди Тоҷикистонро аз натиҷаи соли ҷорӣ ба андозаи 0,7 банди фоизӣ баланд бардошта, аз 6,5% то 7,2% расонид. Тавре ки дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ оид ба иқтисоди минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ зикр шудааст, ин баландтарин нишондиҳанда дар байни ҳамаи кишварҳои ин минтақа мебошад.

Рушди нисбатан баланди иқтисодӣ то охири соли ҷорӣ ҳамчунин дар Ӯзбекистон (6,0%), Қирғизистон (5,8%) ва Арманистон (5,5%) пешбинӣ шудааст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин пешбинии рушди иқтисоди Тоҷикистонро барои ду соли наздик беҳтар кардаанд: аз 4,5% то 5,5% дар соли 2025 ва аз 4,5% то 5,0% дар соли 2026.

Сатҳи баландтари рушди иқтисодӣ дар солҳои 2025-2026 танҳо барои Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст (мутаносибан 5,8% ва 5,9%).

Мувофиқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ, ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ 22 кишвар дохил мешаванд, аз ҷумла:

– кишварҳои Аврупои Марказӣ (Булғористон, Хорватия, Лаҳистон (Полша), Руминия);

– кишварҳои Аврупои Шарқӣ (Беларус, Молдова, Украина);

– Русия;

– кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ (Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон);

– Туркия;

– кишварҳои Балкани Ғарбӣ (Албания, Босния ва Ҳерсеговина, Косово, Черногория, Македонияи Шимолӣ, Сербия);

– кишварҳои Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон).

Дар маҷмӯъ, муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки «пас аз як қатор буҳронҳо дар кишварҳои дар ҳоли рушди ин минтақа устувории рушди иқтисодӣ мушоҳида мешавад, вале дар сатҳи хеле поинтар нисбат ба аввали солҳои 2000-ум қарор дорад».

Тибқи пешгӯиҳо, дар соли ҷорӣ рушди иқтисодӣ дар минтақа дар муқоиса бо 3,5% дар соли 2023, метавонад то 3,3% суст шуда, дар соли 2025 то 2,6% поин равад.

«Ин хеле поинтар аз нишондиҳандаи миёнаи солонаи солҳои 2000-2009 мебошад», – омадааст дар гузориш.

Рушди баланди иқтисоди Тоҷикистон (8,3% дар соли 2023 ва 8,2% дар нимсолаи аввали соли 2024) қаблан аз ҷониби таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ бо зиёд шудани даромадҳо аз содироти тилло, афзоиши истеъмоли хусусӣ ва хароҷоти давлатӣ ба инфрасохтор шарҳ дода мешуд.

«Талаботи дохилӣ бо зиёд шудани интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ ва болоравии музди меҳнат дар бахши давлатӣ дар соли 2023 дастгирӣ ёфт, ки ба коҳиши минбаъдаи сатҳи камбизоатӣ мусоидат намуд», – зикр шуда буд дар гузориш оид ба иқтисоди Тоҷикистон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...