Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?

Asia-Plus

Электромобилҳо (мошинҳои барқӣ) ба беҳбуди вазъи экологӣ мусоидат мекунанд, зеро газ ихроҷ накарда, ифлосшавии ҳаворо кам менамоянд. Лекин барои электромобилҳо инфрасохтор, аз ҷумла, нуқтаҳои нерӯдиҳӣ лозим аст.

Дар ҷойҳои қулай воқеъ будани чунин нуқтаҳо дар саросари шаҳр электромобилҳоро боз ҳам дастрастар мекунад, яъне шаҳр боз ҳам сабзтару аз лиҳози экологӣ бароҳаттар мешавад.

 

Дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?

Дар шаҳри Душанбе айни замон 200 нуқтаи нерӯдиҳӣ барои электромобилҳо кор мекунанд, ки дар ноҳияҳои гуногуни шаҳр ҷойгир шудаанд. Онҳо дар як вақт метавонанд то 400 электромобилро нерӯ диҳанд.

То охири сол насби 500 нуқтаи дигар ба нақша гирифта шудааст. Макони ҷойгиршавии онҳоро Шумо метавонед дар сомона ё дар замимаи NERU дарёфт кунед.

 

Нуқтаҳои нерӯдиҳӣ чӣ қадар иқтидор доранд?

Дастгоҳҳои нерӯдиҳӣ иқтидори аз 60 то 120 киловатт-соатро таъмин мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки электромобил бо батареяи 40 киловатт дар зарфи тақрибан 40 дақиқа метавонад пурра нерӯ гирад.

 

Аз нуқтаи нерӯдиҳӣ чӣ гуна истифода кардан лозим аст?

Иҷрои амалҳои зерин лозим аст:

– Электромобилатонро дуруст дар нуқта гузоред;

– Василаи нерӯбахшро ба электромобил пайваст намоед;

– Маблағро пардохт кунед. Чӣ гуна? Метавон бо ёрии DC Next маблағро пардохт кард. Ҳамчунин шумо метавонед QR-код-ро, ки дар паҳлӯи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ гузошта шудааст, нусхабардорӣ (скан) кунед. Тарзи дигар: дар сомонаи neru.tj шумо бо корти “Корти милли”-и ҳама гуна бонк метавонед пардохт кунед.

– Барои истифода аз нуқтаи нерӯдиҳӣ ба маблағи 50 сомонӣ пешпардохт кунед. Хавотир нашавед – дар муддати 5 дақиқа баъди ба охир расидани нерӯдиҳӣ, маблағи боқимонда ба ҳамёни мобилии шумо баргардонида мешавад.

 

Оё метавон ҷараёни нерӯдиҳиро то ба охир расидани он боздошт?

Бале шумо дар ҳама гуна вақт тариқи ҳамёни мобилии худ метавонед ҷараёни нерӯдиҳиро боздоред.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...