UNICEF: 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 намехонанд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Тибқи омори ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон вазъи таҳсили духтарон дар мактаб ва донишгоҳҳои кишвар ҳамоно нигаронкунанда аст. Қариб 32% духтарон таҳсилро дар синфҳои 9-11 идома намедиҳанд ва танҳо 13% духтароне, ки ба донишгоҳҳо дохил мешаванд, онро хатм мекунанд.

Дафтари рушди СММ рӯзи 5-уми декабр гузорише дар ин робита нашр карда, омилҳои асосии қатъ кардани таҳсилро инҳо донистааст:

– Анъанаҳои суннатӣ, ки духтаронро зери фишор мегузоранд, то зудтар шавҳар кунанд;

– Интизороти оилаҳо барои афзалият додани ҳаёти оилавӣ нисбат ба таҳсил;

– Мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, ки имкони идомаи таҳсилро маҳдуд мекунанд;

Аз рӯйи омории ЮНИСЕФ, танҳо 31% духтароне, ки мактабҳои миёнаро хатм мекунанд, таҳсили худро дар донишгоҳ идома медиҳанд ва аз миёни онҳо танҳо 13% таҳсилро бомуваффақият хатм мекунанд.

“Меъёрҳои иҷтимоиву интизорот дар оила, ба вижа дар минтақаҳои рустоӣ, бисёр духтарҳоро маҷбур мекунанд, ки на таҳсилу омӯзиш, балки зиндагии оилавиро бартар арзёбӣ кунанд”, – навиштааст ЮНИСЕФ.

Бояд гуфт, ки бо мақсади бартараф кардани ин мушкилот, ҳукумати Тоҷикистон ба қонуни "Дар бораи маориф" тағйиротҳо ворид кардааст, ки таҳсил дар синфҳои 10-11-ро ҳатмӣ мегардонад. Агар хонандагон ин синфҳоро дар мактаб нагузаранд, онҳо бояд таҳсилро дар коллеҷҳо ё мактабҳои касбӣ идома диҳанд.

ЮНИСЕФ аз тағйирот дар ин қонун истиқбол крада гуфтааст, ки ин тағйирот на фақат барои рушди инфиродии занҳо, инчунин, барои бунёди ҷомеаи баробарҳуқуқ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Баъзе духтарон дар Тоҷикистон таҳсили худро барои он идома намедиҳанд, ки волидонашон онҳоро ба шавҳар медиҳанд. Ҳамаи вазифаҳои хона ва нигоҳубини аъзои оилаи шавҳар аксаран бар дӯши духтарони ҷавон вогузор мешавад, ки барои таҳсил ва рушди худашон қариб вақти холӣ намемонад.

Дар деҳот духтарон маҷбуранд, ки ба волидони худ дар кори саҳро ҳам кумак кунанд, ки ин низ монеаи ҷиддӣ барои таҳсили онҳо мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як суханронии худ рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ идома надодани таҳсил аз ҷониби духтаронро интиқод карда гуфт, аз 170 ҳазор хонандае, ки соли 2023 синфи 9-умро хатм кардаанд, 114 ҳазор нафар таҳсилро дар синфи 10 идома дода, 44 ҳазор нафар таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд.

“Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ин мушкилӣ, яъне хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад”, – гуфта буд президент.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...