Аз Театри миллӣ то варзишгоҳи нав дар Душанбе. Андозсупорандагони имтиёздор дар соли 2025 муайян шуданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Имтиёзҳо аз пардохти андоз дар соли оянда мутобиқи қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2025” аз рӯи 17 банд пешниҳод мешаванд.

Миёни имтиёздорон меҳмонхонаи 5-ситорадори “Исмоили Сомонӣ” зикр шудааст, ки қариб 19 сол инҷониб сохтмонаш дар Душанбе ҷараён дорад.

Қобили зикр аст, ки маросими оғози сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз 15 марти соли 2006 баргузор шуда, дар аввал пурра ба охир расидани корҳои сохтмон дар он дар муддати якуним сол пешбинӣ шуда буд.

Дар соли 2025 фармоишгар ва паймонкори кулли ин иншоот танҳо 50%-и андоз аз арзиши иловашуда (14%) ва андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ (18%)-ро пардохт мекунанд.

Соли оянда ҳамчунин ба бинокорони Театри миллӣ дар Душанбе, бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нав, варзишгоҳ бо 30 ҳазор ҷой нишаст дар Душанбе ва чанде аз дигар иншоот дар пойтахт ва минтақаҳои кишвар чунин имтиёзҳо дода мешаванд.

Меъёри Андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) барои ворид намудан, коркард ва фурӯши маҳсулоти аз гандум коркардшуда (ба истиснои гандуми воридшуда барои истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ), инчунин маснуоти макаронии дар ҶТ истеҳсолшуда дар сатҳи 10% (меъёри стандартии ААИ 15%-ро ташкил медиҳад) муқаррар шудааст.

Ғайр аз ин, воридоти техника, воситаҳои нақлиёти махсус ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, автобус, ки номгӯй ва шумори онҳо аз ҷониби ҳукумати ҶТ муайян карда мешаванд ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷети шаҳри Душанбе харида мешаванд, бо мақсади зиёд кардани шумори парки нақлиёти ва беҳбуди соҳаи ҷудогонаи пойтахт равона мешаванд, аз меъёри муқарраршудаи ААИ дар ҳаҷми 50% ва пурра аз пардохти боҷи содиротӣ озод карда мешаванд.

КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фӯруши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” аз пардохти ААИ зимни фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин воридоти маҳсулоте, ки номгӯи онҳо аз ҷониби ҳукумати ҶТ муайян карда мешавад, дар ҳаҷми 50% аз меъёри муқарраршуда ва пурра аз пардохти боҷи содиротӣ озод карда мешавад.

Ба маблағи қарзи ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ва ҶСК “НБО Роғун”, ки аз ҳисоби интиқоли барқ ба ҶСК “Барқи тоҷик” ба миён омадаанд, фоизҳо ҳисоб карда намешаванд.

Ҳамчунин дар соли оянда ба воридкунандагони мазути серсулфур барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе, Федератсияи футболи Тоҷикистон, воридкунандаи бланкаи шиносномаҳо (ВКХ ҶТ), ки ҳомилҳои электронӣ доранд, баъзе паймонкорони неругоҳи “Роғун”, Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумати ҶТ, воридкунандагони навъҳои муайяни тухмиҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони ороишӣ барои шинонидан дар боғу кӯчаҳои пойтахт, содиркунандагони битуми КВД “Роҳсоз” ва сохтмончиёни бинои филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сигапур дар Душанбе ва дигарон аз пардохти андоз имтиёзҳо дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...