Дар Тоҷикистон хушунати ҷинсӣ нисбати занҳо коҳиш ёфтааст

Asia-Plus

Тибқи маълумоти пешакии Тадқиқоти демографӣ ва солимии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2023 дар кишвар 16 дарсад занони издивоҷкарда ба ягон намуди хушунати гендерӣ рӯбарӯ шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли пеш 15 дарсад коҳиш ёфтааст.

Дар ин бора Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон зимни баргузории мизи мудавваре бахшида ба ҷамъбасти маъракаи “16 рӯзи алайҳи хушунати гендерӣ” иттилоъ дод, менависад дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттилоияе, ки ба “Азия-Плюс” ирсол намуд.

“Ин пешравии назаррас натиҷаи фаъолияти муштараки мост. Шарикии пайвастаи мо барои таъмини сармоягузории ҳамаҷониба дар баробарии гендерӣ, солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳо метавонад ҳаёти занон ва духтаронро беҳтар гардонад ва рӯзномаи муштараки рушди моро пеш барад”, – зикр намудааст Дилрабо Мансурӣ.

Дар ин мизи мудаввар чаҳор самти асосии мусоидат ба баробарии гендерӣ ва пешгирии хушунати гендерӣ, аз ҷумла, муҳити ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои муҳим барои натоҷёфтагони хушунати гендерӣ, ҳалли меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ ва тавонмандсозии иқтисодии занон барои баробарии гендерӣ ва коҳиши камбизоатӣ баррасӣ гардидааст.

Парвати Рамасвамӣ, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон зикр кардааст, ки “СММ ӯҳдадор аст, то соли 2030 ҳама шаклҳои хушунат зидди занону духтарон ва дигар амалҳои зарароварро қатъ кунад.

“Маъракаи “16 рӯзи фаъолият бар зидди хушунати гендерӣ” ҳар сол имконияти муҳимеро фароҳам меорад ва зарурати фаврии амал барои хотимаи хушунати гендериро таъкид мекунад”,- гуфтааст намояндаи СММ.

Кэтрин Смиттон, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “мубориза бо хушунати гендерӣ бояд ҳамешагӣ бошад – аз ин рӯ, дар ҳоле ки 16 рӯзи амал мушкилотро таъкид мекунад, ҳалли он саъю кӯшиши устувор, ӯҳдадорӣ ва амали дастаҷамъиро 365 рӯз дар як сол талаб мекунад”.

Бояд гуфт, ки “16 рӯзи амал зидди хушунати гендерӣ”, як маъракаи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид амалӣ мегардад. Гуфта мешавад, ки ҳадафи маъракаи мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ҷиҳати кам кардани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон мебошад. Ин маърака ҳар сол  аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр идома мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...