Директори Лигаи футболи Тоҷикистон иваз шуд

Asia-Plus

Субҳон Шодиев Директори генералии нави Лигаи футболи Тоҷикистон таъин шуд. То ин дам ӯ ба ҳайси муовини директори генералии лига ифои вазифа мекард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад.

Субҳон Шодиев дар мувофиқа бо раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ин вазифа таъин шуд.

Роҳбари пешинаи Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Донёрзода, ки дар Конгресси охири ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон ноиби президенти Федератсия интихоб шуд, акнун ба кори Лигаи футболи Тоҷикистон масъул хоҳад буд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 декабр дар конгресси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бори чорум – то соли 2028 раиси Федератсия интихоб шуд.

Хуршед Мирзо ноиби аввал, Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов – ноибони дигари президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд.

Ғайр аз ин, дар конгресс ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ФФТ интихоб шуд. Ба ҳайати Кумитаи иҷроия ба ҷуз президент ва чор муовини ӯ, ҳамчунин Шоҳрух Саидзода, Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раҷаббой Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид, Ахтам Абдуллозода, Дилшод Ҷӯразода, Фарҳод Расулзода, Нурҷаҳон Исмоилзода, Зайнулло Шарифзода, Лутфия Абдулхолиқзода, Ҳусейн Халилзода ва Фарҳод Мирзоев шомиланд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...