Куштори як генерали Русия дар Маскав

Генерал-лейтенант Игор Кириллов, фармондеҳи Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия дар таркише дар чанд километрии Кремл кушта шудааст. Ҳодиса субҳи имрӯз, 17-уми декабр дар хиёбони Рязани Маскав, дар назди манзили зисти Игор Криллов рух додааст. Кумитаи тафтишотии Русия бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки “маводи таркандае, ки дар дохили самокат пинҳон буд, фосилавӣ […]

Asia-Plus, бо истифода аз маводи расонаҳо

Генерал-лейтенант Игор Кириллов, фармондеҳи Нерӯҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия дар таркише дар чанд километрии Кремл кушта шудааст. Ҳодиса субҳи имрӯз, 17-уми декабр дар хиёбони Рязани Маскав, дар назди манзили зисти Игор Криллов рух додааст.

Кумитаи тафтишотии Русия бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки “маводи таркандае, ки дар дохили самокат пинҳон буд, фосилавӣ фаъол гардонида шуд”.

Ба иттилои ин ниҳод, дар натиҷа ҳангоми берун шудан аз манзилаш генерал лейтенант Игор Крилов ва як афсари ҳамроҳаш ҷон бохтаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Мақомоти Русия расман омили кушторро нагуфтаанд, вале ангушти иттиҳомро ба сӯи Украина равона мекунанд. Мақомоти Украина то ҳанӯз дар бораи ин ҳодиса изҳори назар накардааст.

Дар ҳамин ҳол BBC бо такя ба манбаъҳои худ дар Хадамоти амнияти Уркаина навишт, ки “таркише, ки дар он Игор Кирилов ҷон дод, натиҷаи амалиёти махсуси Хадамоти амнияти Украина  аст.

«Кирилов ҷинояткори ҷангӣ буд…, зеро ӯ фармонҳои истифодаи силоҳи кимиёвии манъшударо бар зидди низомиёни украинӣ содир мекард. Чунин расвоӣ ҳамаи онҳое, ки украинҳоро мекушанд, интизор аст. Ҷазо барои ҷиноятҳои ҷангӣ ногузир аст», – изҳор доштааст манбаъи ин расона аз Хадамоти амнияти Украина. 

Як рӯз пеш аз ин, Хадамоти амнияти Украина Кириловро дар истифодаи оммавии силоҳи кимиёвии манъшуда бар зидди Неруҳои мусаллаҳи Украина дар шарқ ва ҷануби кишвар гумонбар дониста гуфта буд, ки таҳти фармондеҳии генерал лейтенант Кирилов қариб 5 ҳазор дафъа аз силоҳи кимиёӣ истифода бурдааст. Хадамоти амнияти Украина Кириловро шахсан масъули ин амал номида, зидди ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Генерал пас аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина бо баргузории брифингҳои мунтазам барои рӯзноманигорон маъруф гардид. Ӯ борҳо иддао карда буд, ки Киев ба таҳияи силоҳи кимиёвӣ ва биологӣ даст дорад.

Кириллови 54-сола аз моҳи апрели соли 2017 сардори неруҳои ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологии Русия буд. Ӯ Академияи ҳарбии ҳимоя аз ҳамлаҳои кимиёӣ ва биологӣ ба номи Тимошенкоро хатм кардааст. Пеш аз соли 2017 ӯ роҳбари ҳамин академия буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.