Дар ВМКБ ҳам “лимит”-и барқ ҷорӣ шудааст

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки ба фарқ аз дигар минтақаҳо дар фасли зимистон аҳолӣ бо барқи доимӣ таъмин буданд, имсол дар интиқоли барқ маҳдудият ё “лимит” ҷорӣ шудааст. Сабаби ин “сард шудани ҳаво, яхбандии шадид ва паст шудани сатҳи об дар кӯли Яшикӯл,  инчунин норасоии об ва афзоиши истеъмоли нерӯи барқ” мебошад. Дар ин бора Амрихон […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки ба фарқ аз дигар минтақаҳо дар фасли зимистон аҳолӣ бо барқи доимӣ таъмин буданд, имсол дар интиқоли барқ маҳдудият ё “лимит” ҷорӣ шудааст. Сабаби ин “сард шудани ҳаво, яхбандии шадид ва паст шудани сатҳи об дар кӯли Яшикӯл,  инчунин норасоии об ва афзоиши истеъмоли нерӯи барқ” мебошад.

Дар ин бора Амрихон Раҳимов, директори “Помир Энерҷи”, ки масъули таъмини барқ дар минтақа аст, дар як ҷаласа, ки бо ширкати Алишер Мирзонабот, раиси вилоят гузашт, хабар додааст.

Ӯ гуфтааст, ки “…айни замон танҳо маркази ВМКБ – шаҳри Хоруғ ва марказҳои ноҳияҳо бо қувваи барқи доимӣ таъмин буд,  дар  деҳоти дурдаст неруи барқ дар давоми чанд соат тариқи реҷа ҷорӣ гардидааст”.

Аз ширкати “Помир Энерҷӣ” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар пайи яхбандӣ дар кӯли Яшикӯл сатҳи об нисбат ба соли гузашта 15% камтар аст. 

Дар ин ниҳод гуфтанд, ки маҳдудият метавонад то 6 соат дар як шабонарӯз идома ёбад ва дар ҳолати тағйирёбии ҳаво, имкони зиёд шудани маҳдудият мавҷуд аст. 

Дар чанд соли охир бори аввал аст, ки дар  ВМКБ дар таъминоти нерӯи барқ маҳдудият ҷорӣ мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳамасола бо фаро расидани фасли зимистон дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон "лимит"-и барқ ҷорӣ мешавад.

Сабаби он кам ҷорӣ шудани об ба дарёи Вахш, сард омадани зимистон ва талафоти нерӯи барқ аз сӯи аҳолӣ маънидод мешавад. Имсол он аз 22-юми сентябр расман ҷорӣ шуд.

Ҳарчанд, Вазорати энергетика мегӯяд, ки ба аҳолӣ дар як шабонарӯз 10 – соат барқ дода мешавад, аммо сокинони кишвар аз бенизомии реҷаи барқ шикоят карда, мегӯянд, ки аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин ҳастанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.