Тартиби гирифтани талоқ чӣ гуна мегузарад ва маблағи боҷи давлатӣ барои пешниҳоди ариза чанд аст?

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон соли гузашта боҷи давлатӣ барои бекоркунии ақди ниқоҳро баланд карданд ва парлумони кишвар сабаби онро ба коҳиш додани талоқ рабт дод. Ҳамакнун бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ беш аз 500 сомонӣ мебошад, ки қаблан он аз 72 то 108 сомонӣ буд.

“Азия-Плюс” маблағи пардохти давлатӣ барои пешниҳоди аризаи талоқро ҳисоб кард, инчунин тартиби бекор кардани ақди никоҳ дар Тоҷикистонро муайян намуд.

 

Тартиби гирифтани талоқ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Талоқ ё ба истилоҳи ҳуқуқӣ, бекор кардани ақди никоҳ яке аз роҳҳои қатъи издивоҷ мебошад. Дар Тоҷикистон ду роҳи гирифтани талоқ ба таври қонунӣ муқаррар шудааст – қатъи никоҳ дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) ва бекор кардани ақди никоҳ ба тариқи судӣ.

Тибқи қонун “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” зану шавҳаре, ки дар муддати ақди никоҳи якҷоя фарзандони ноболиғ надоранд, тарафҳо розӣ ҳастанд ва нисбат ба ҳамдигар даъво надоранд, пас онҳо ба шӯъбаи САҲШ дар ҷои истиқоматашон аризаи якҷоя пешниҳод менамоянд. Баъди супоридани аризаи тарафҳо пас аз як моҳ ақди никоҳи онҳо бекор мешавад ва шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ низ супорида мешавад.

Агар яке аз тарафҳо розӣ набошанд, зану шавҳар дар натиҷаи зиндагии якҷоя фарзандони ноболиғ дошта бошанд ва ё инки тарафҳо нисбат ба хамдигар ягон даъво дошта бошанд, масалан дар масоили тақсими молу мулк никоҳи ин шахсон танҳо бо тартиби судӣ бекор карда мешавад.

Барои бекор кардани ақди никоҳ бояд тарафҳо ба суд ариза пешниҳод кунанд. Ба ариза нусхаи шиносномаи зану шавҳар, нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ ва расиди пардохти боҷи давлатӣ замима карда мешавад.

Маблағи боҷи давлатӣ барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ ба тариқи зайл муайян шудааст:

– дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон – як нишондиҳанда барои ҳисобҳо (72- сомонӣ);

– дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон – панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, (360- сомонӣ);

– дар асоси ҳалномаи суд – ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо, (504 – сомонӣ).

 

Никоҳ дар кадом ҳолат қатъ мегардад?

Ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) аз рӯзи бақайдгирии бекор кардани ақди никоҳ қатъ мегардад. Агар никоҳ тариқи суд бекор карда шавад, аз лаҳзаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд, никоҳ қатъ мегардад.

Бояд гуфт, ки тибқи талаботи Кодекси оила агар никоҳ тариқи суд бекор карда шавад, бояд дар САҲШ, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шавад.

Агар зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ бошанд, суд ҳақ дорад, ки ақди никоҳро бекор кунад. Вақти бекор кардани никоҳ вобаста ба ҳолати аризаи зану шавҳар як моҳро ташкил медиҳад.

Дар ҳолате, ки агар зану шавҳар фарзандони ноболиғ дошта бошанд, новобаста аз розигии онҳо барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани онҳо тадбирҳо меандешад. Суд метавонад баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ мӯҳлат диҳад.

 

Молу мулк ва парастории кӯдак пас аз талоқ чӣ гуна тақсим карда мешавад?

Дар қонун мафҳуми “молу мулки муштараки зану шавҳар” мавҷуд аст, ки амволе маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби ҳамсарон дар давраи ақди никоҳ ба даст оварда шудааст.

Хангоми таксими молу мулк суд бо назардошти манфиати фарзандони ноболиғ карор кабул мекунад. Ба ибораи дигар, ҳамсаре, ки фарзандонаш бо онҳо мемонанд, саҳми бештар мегирад.

Инчунин, суд ҳангоми тақсими молу мулк ба саҳми зану шавҳар, ҳолати ҷисмонӣ ва рӯҳии онҳо эътибор медиҳад. Дар бораи муайян кардани ҷои истиқомати кӯдак агар миёни падару модарон ҳамдигарфаҳмӣ сурат нагирад, пас масъаларо суд ҳал мекунад.

Мувоффиқи кисми 1-и моддаи 63 ва кисми 4-и моддаи 65-и Кодекси оила барои муайян кардани ҷои истиқомати кӯдак яке аз волидайн ба суд ариза пешниҳод мекунад. Суд хангоми баррасии ин масъала манфиати кӯдак, меҳру муҳаббат ва фикри ӯро ба назар мегирад.

Бояд гуфт, ки давоми шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишвар 4 ҳазору 408 ҳолати бекор кардани  ақди никоҳ  ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 962 ҳолат камтар мебошад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...