“Қувваи корӣ намерасад”: Путин доир ба роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷират изҳори назар кард

Asia-Plus

Муҳоҷират натанҳо барои мо, балки барои Аврупо низ масъалаи ҳассос буда, он ҷо масъала боз ҳам печидатар аст. Тавре ки EADaily.com менависад, дар ин бора президенти Русия Владимир Путин рӯзи 19 декабр зимни конфронси натиҷагирӣ аз соли 2024 изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, воқеан ҳам дар иқтисод "қувваи корӣ намерасад".

"Дар соҳаҳои сохтмон ва саноат ин норасоӣ ба садҳо ҳазор мерасад. Ин далел аст ва онро наметавон инкор кард», — гуфт президенти Русия.  – Коҳиши теъдоди муҳоҷирон дар иқтисод танҳо тавассути баланд бардоштани самаранокии меҳнат ва ҷорӣ намудани технологияҳое, ки ба меҳнати ғайрикасбии дастӣ ниёз надоранд, имконпазир аст".

Путин зарурати таваҷҷуҳ ба навъҳои фаъолиятҳои дорои технологияҳои баландро таъкид кард.

Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, бо шарикон дар Осиёи Марказӣ бояд ҳамкорӣ карда шавад, то одамонро пешакӣ барои кор дар Русия омода кунанд Барои ин густариши шабакаи мактабҳои русӣ ва марказҳои омӯзиши забони русӣ, шиносоии муҳоҷирон бо анъана, фарҳанг ва риояи қонунҳои Русия зарур аст.

Президенти Русия пешниҳод кард, ки ба онҳое, ки дар қаламрави Русия қарор доранд, талабот шадидтар карда шавад.

Ӯ зикр кард, ки ҳукумат бояд ба масъалаҳои муҳоҷират дар Русия таваҷҷуҳи бештар диҳад.

«Масъалаҳои зиёд вуҷуд доранд ва албатта, ҳукумат бояд ба ин мушкилот таваҷҷуҳи бештар зоҳир кунад», — гуфт Путин дар пахши мустақими ҳамроҳ бо нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи Путин, масъалаи муҳоҷират ду ҷанба дорад — ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ.

Тавре ки РИА Новости менависад, ӯ аз нияти таъсиси як воҳиди пурқудрат дар назди Вазорати корҳои дохилӣ изҳори назар намуд, ки ба он намояндагони ниҳодҳои иқтисодӣ ҷалб карда шаванд ва ин шӯъба дар ҳамкорӣ бо минтақаҳо ба масъалаи муҳоҷират машғул хоҳад шуд.

«Таъсиси як ниҳоди пурқувват, як маркази алоҳида оид ба масъалаҳои муҳоҷират лозим аст — ё дар доираи ВКД, ё назди он. Ба он бояд намояндагон аз ниҳодҳои иқтисодӣ ҷалб карда шаванд. То ки ҳама масъалаҳо якҷоя ҳаллу фасл карда шаванд, вале дар ҳамкории зич бо вазорату идораҳои дигар. Ва албатта, бо минтақаҳо…

Ҳамаи ин бояд аз як марказ идора карда шавад. Ва баъдан зимни ба даст овардани салоҳиятҳои зарурӣ, мумкин аст дар оянда як воҳиди алоҳида таъсис дода шавад. Аммо он бояд ҳам ҷузъи ҳуқуқӣ ва ҳам ҷузъи иқтисодиро дар бар гирад», — гуфт Путин.

Президенти Русия қарори қабулшудаи Думаи давлатиро дар бораи қонуне, ки ба мактабҳои Русия барои ба таҳсил қабул накардани кӯдакони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд, дуруст номид.

Ҳамзамон ӯ даъват кард, ки ҳуқуқҳои онҳое, ки барои кор ба Русия меоянд, дар соҳаи тандурустӣ ва маориф маҳдуд карда нашаванд, аммо иҷоза дода нашавад, ки хароҷоти иловагӣ барои будубоши онҳо ба дӯши русиягиҳо афтад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...