Ӯзбекистон мехоҳад барои мардон ҳангоми таввалуди кӯдак рухсатии пулакӣ ҷорӣ кунад. Ин дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Ӯзбекистон нақша доранд, ки барои мардон ҳангоми фарзанд таваллуд кардани ҳамсарашон рухсатии пулакӣ ҷорӣ кунанд. Ҳадафи ин иқдом беҳбуди ҳуқуқи баробари меҳнат, аз байн бурдани табъиз ва мусоидат ба мувозинат миёни ҳаёти касбӣ ва оилавӣ дониста шудааст.

Дар ин хусус хабаргузории “uznews.uz” хабар дода навиштааст, ки лоиҳаи ин қонун ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод шудааст. Лоиҳа такмили принсипҳои баробарии ҳуқуқи меҳнатӣ, манъи табъиз, фишор ва зӯроварӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғлро пешбинӣ мекунад.

Бар асоси қонуни мазкур мардон метавонанд дар давоми як моҳ пас аз таваллуди фарзанд рухсатии пулакии панҷрӯзаро барои ёрӣ ба завҷаи худ дарёфт кунанд.

То имрӯз дар қонунгузории Ӯзбекистон чунин рухсатиҳо пешбинӣ нашуда буд ва ин боиси мушкилот дар омезиши вазифаҳои касбӣ ва оилавӣ барои мардон ё маҷбур шудани онҳо барои гирифтани рухсатии бе музд мегардид.

 

Дар Тоҷикистон мардон ҷунин ҳуқуқ доранд?

Дар Тоҷикистон мардон ҳуқуқи рухсатии пулакӣ гирифтан барои нигоҳубини кӯдакро доранд.

Бар асоси моддаи 224 Кодекси меҳнати Тоҷикистон мардон метавонанд ҳам дар давраи ҳомиладории ҳамсар ва ҳам баъд аз таваллуди кӯдак рухсатии меҳнатӣ гиранд. Аммо, ба гуфтаи ҷомеашиносон мардҳо дар Тоҷикистон аз ин ҳуқуқи худ дар амал истифода намекунанд ва сабаби ососии ин ҳолат афкори ҷамъиятӣ ва “стереотипҳо” ҳисобида мешавад, ки нигоҳубини кӯдаконро танҳо вазифаи занон мешуморанд.

Маргарита Ҳегай, ҷомеашинос ва машваратчӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “мардон дар Тоҷикистон ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатӣ доранд, аммо мутаассифона, дар амалия ин ҳуқуқ қариб истифода намешавад”.

Ӯ аҳамияти тағйир додани нигоҳи ҷамъиятро ба ин масъала таъкид мекунад ва мегӯяд, ки масъулияти нигоҳубини кӯдакон бояд миёни ҳарду волидон баробар тақсим карда шавад.

Ин ҷомеашинос мегӯяд, ки дар таҷрибаи кориаш ягон ҳолате дар бораи истифодаи рухсатии нигоҳубини кӯдак аз ҷониби мардон вонахӯрдааст.

“Эҳтимол аст, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ ҳолати сабти рухсатии мардон дар ин самт вуҷуд надошта бошад. Дар асл, барои мардон истифодаи ин ҳуқуқ хеле хуб мебуд, зеро ин метавонад фаъолияти меҳнатии занонро дастгирӣ ва табъизи гендериро кам кунад”, – мегӯяд ӯ.

Маргарита Ҳегай мегӯяд, ки “дар оилаҳое, ки даромади занон аз мардон зиёдтар аст, баргаштани занҳо ба кори асосӣ метавонад буҷети оиларо ҳифз кунад”.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон мардон инчунин ҳуқуқ доранд, ки кӯмакпулии нигоҳубини кӯдакро расман сабт кунанд.

Тибқи моддаи 224-и Кодекси меҳнати Тоҷикистон, рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба занон дода мешавад ва баргаи нотавонмандӣ ва кӯмакпулӣ ба номи онҳо расман сабт мешавад. Аммо дар ҳолате, ки зани таваллудкарда кор намекунад, падари кӯдак, ки мақоми шахси суғурташударо дорад, метавонад кӯмакпулии нигоҳубини кӯдакро то синни 1,5-солагӣ дар ҷои кори асосии худ сабт кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...