Собиқ мураббии “Севиля”-и Испания сармураббии дастаи “Равшан”-и Кӯлоб шуд

Муҳаммадназар Наҷмиддинов, Asia-Plus

Димитрий Черишев, мураббии шинохтаи рус сармураббии нави дастаи “Равшан”-и Кӯлоб таъйин шудааст.

Дар ин бора саҳифаи телеграми “Равшан” хабар дода, навиштааст, ки қарордоди ҳамкорӣ миёни президенти “Равшан” Зафар Соҳибназар ва Дмитрий Черишев имрӯз, 20-уми декабр дар шаҳри Москва ба имзо расидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, интизор меравад, мутахассиси рус рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон биёяд.

Бо омадани Черишев машқу тамринҳои  дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар шаҳри Душанбе ва яке аз давлатҳои хориҷӣ баргузор мешаванд. Вале мушаххас гуфта нашудааст, ки дар кадом кишвар.

“Ситоди мураббиёни Дмитрий Черишев дар давраи танаффуси футболбозон муайян карда мешавад ва баробари шурӯъ ба машқу тамринҳо дар аввали моҳи январ чанд тан аз футболбозони ботаҷриба бо даъвати ин мутахассис ба даста шомил хоҳад шуд”, – омадааст дар хабар.

Бояд гуфт, Дмитрий Черишев, ки соҳиби иҷозатномаи UEFA Pro мебошад, дар тӯли фаъолияти тӯлонии мураббигии худ бо як қатор дастаҳои маъруфи футболи Русия ва Аврупо ҳамкорӣ кардааст.

Ӯ, аз ҷумла, дар “Реал Мадрид” (дастаи кӯдакон), “Севиля”, “Сибир”, “Зенит” (ҳайати ҷавонон), “Иртиш” ва “Шинник” кор кардааст.

Черишев бо фаъолияти худ дар дастаҳои Лигаи футболи Русия ва дастаҳои аврупоӣ, аз ҷумла “Санта-Колома” аз Андорра, шӯҳрат пайдо кард. Маҳз бо ин даста ӯ натиҷаи таърихиро дар мусобиқоти аврупоӣ барои футболи Андорра ба даст овард ва то даври дуюми Лигаи конфренсия роҳ ёфт.

Ёдрас мешавем, ки дастаи “Равшан”-и Кӯлоб мавсими гузаштаи Лигаи олии футболи кишварро бо 41 имтиёз ва касби зинаи сеюм ба поён расонд ва медалҳои биринҷии мусобиқаро ба даст овард.

Аммо натиҷаҳои даста дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё нигаронкунанда буд. Зеро даста дар ин мусобиқа натавонист аз гурӯҳи худ берун шавад. “Равшан” дар мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 танҳо як пирӯзӣ ва се имтиёз касб карда, дар зинаи охири гурӯҳи “А” қарор гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...