ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом

Asia-Plus

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, ки "ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда", дар робита ба ин ҳодиса чанд нафар ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд.

Ин ниҳод гуфт, дар робита ба кушторҳо алайҳи

– Худойбердиев Солехҷон Набиевичи 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

– Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

– Равшанов Бахтиёри 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом;

– Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоеви шаҳри Конибодом.

парванда боз шуда, ҳамаи онҳо дастгир шудаанд.

“Фаъолияти гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ таҳти назорати бевоситаи роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, тафтишот идома дорад”, -гуфтааст Додситонии кулли кишвар.

Назари боздоштшудаҳо ва наздикону пайвандони онҳо дар робита ба ин қазия маълум нест.

Дар хабари додситонӣ гуфта нашудааст, ки онҳо чӣ гуна дастгир шуданд ва ҳадафи кушторҳо чӣ аст. Ҳамчунин, ин ниҳод нагуфтааст, ки алайҳи боздоштшудаҳо бо кадом моддаи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. 

Қаблан, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар робита ба кушторҳои пайдарпай дар Конибодом 2 нафар боздошт ва бо қарори додгоҳҳои кишвар яке ба ҳабси абад маҳкум ва дигаре 20 сол равонаи зиндон шуда буданд.

Кушторҳои пурасрор дар Конибодом, ки мардумро дар ҳарос нигоҳ доштааст

Аз моҳи марти имсол то ҳол дастикам дар бораи куштори 7 узви оила, тақрибан 20 нафар хабарҳо нашр шуда буд. Ҳодисаи охир рӯзи 16-умии декабр расонаӣ шуд, ки шахсони номаълум дар деҳаи Ҳисорак (Қурғончаи собиқ) 4 нафар, ду зану ду мардро ба қатл расонидаанд.

Ин ҳодисаҳо нигарониҳоро ба миён оварданд, зеро дар аввал шахсони ношинос шабона бо ниқоб дар кӯчаҳо мегаштанд ва наворҳо аз гаштугузори онҳо низ  дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд. 

Он замон низ дар рӯзҳои аввал мақомот ҳодисаи куштори оилаҳоро шарҳ намедоданд.

Танҳо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо гузашти беш аз 6 моҳ кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод ва гуфт, “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.

Вале нагуфт, ки дар пайи ин кушторҳо дар маҷмуъ чанд нафар кушта шуданд ва чанд нафар дар маҷмуъ боздошт гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...