Дар Тоҷикистон сатҳи рекордии пасти таваррум дар тамоми солҳои истиқлолият сабт шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сатҳи таваррум дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ 3,4%-ро ташкил дод. Дар ин бора Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла дар ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 2,7%, маҳсулоти ғайриозуқа – 3,9% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 4,7% қимат шуданд.

Сатҳи пасти тавррумро мақомот ба поинравии нархи мева (-10.8%), орд (-7,9%), шакар (-6.7%), сабзавот (- 4%) ва баъзе маҳсҳулоти дигар (ба андозаҳои нисбатан камтар) нисбат медиҳанд.

Мутахассисони соҳаи омори Тоҷикистон се сол пайдарпай дар бораи сатҳи рекордии пасти таваррум ҳисобот медиҳанд. Тибқи маълумоти Агентии омор, соли 2022 нарху тарифҳо ба андозаи 4,2% ва соли 2023 – ҳамагӣ 3,8% боло рафтанд. Сатҳи пасттарини тавррруми давоми солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо дар соли 2013 ба қайд гирифта шуд, ки 3,7%-ро ташкил медод.

Дар ҳамин ҳол, дар кишварҳои шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон болоравии зиёди нархҳои истеъмолӣ ба мушоҳида мерасад. Бино ба маълумоти расмӣ, сатҳи таваррум дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Русия зиёда аз 9%, Қазоқистон – 8,4% ва Ӯзбекистон – 8,7%-ро ташкил медиҳад.

Агар начандон бо суръати баланд болоравии  нарху тарифҳо то охири сол ҳамин хел идома ёбад, сатҳи таваррум аз рӯи натиҷаҳои сол дар сатҳи 3,7% хоҳад буд.

Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мешавад, мисли чанд соли охир дар ҳудуди 6,0% (±2 банди фоизӣ) боқӣ мемонад.

Бонки миллии Тоҷикистон тариқи тағйири меъёри бозтамвил ва/ё ҳаҷми пул дар гардиш метавонад ба таври муайян ба нархгузорӣ таъсир расонад. Боло бурдани меъёри бозтамвил ва кам кардани пул дар гардиш, ба сустшавии таваррум ва баръакс боис мегарданд. Бонкҳои марказии кишварҳои дорои иқтисоди бозаргонӣ дар сатҳи 5-6% (таварруми паст ё хазанда) нигоҳ доштани таваррумро афзал медонанд. Ин сатҳро иқтисодчииён беҳтарин (идеалӣ) барои рушди минбаъдаи кишвар мешуморанд, зеро коҳиши таваррум ё худ дефлятсия (поинравии нархҳо) нисбат ба болоравии баланди нархҳо хавфноктар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...