Кадом китобҳо дар соли 2024 беҳтарин дониста шуданд?

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Чанд китоби шоиру нависанда ва публисисти тоҷик дар озмуни ҷумҳуриявии “Китоби сол-2024”, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг гузаронида шуд, ҳамчун китоби беҳтарини соли равон дониста шудааст. Ду китоби Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соҳиби Шоҳҷоизаи озмун эълон шуд.

Маросими супоридани ҷоизаҳо имрӯз, 24-уми декабр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор гардид.

“Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугӯи тамаддунҳо” ва “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”-и Эмомалӣ Раҳмон сазовори “Шоҳҷоиза”-и озмун гардид. Ин ду китобро нашриёти “Ирфон”-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба нашр расонидааст ва “Шоҳҷоиза”-ро ҳам директори ин нашриёт Абдувалӣ Абдураҳмонзода қабул кард.

Ҳамин тариқ, дар номинаи “Китоби назм” ҷойи аввал ба китоби "Сетор" – гулчини ғазалиёти Фарзона тақдим гардид.

Ҷои дуввум ба китоби "Хандаи талх"-и Муҳаммад Ғоиб   ва ҷойи севвум ба китоби "Тоҷик будан дар ин саро душвор аст"-и Бузургмеҳри Баҳодур тақдим гардид.

Дар номинаи наср китоби "Як дарси аҳду вафо"-и Кароматулло Мирзо сазовори ҷои якум, "Имтиҳони қисмат"-и Шодӣ Раҷабзод соҳиби ҷои дуввум ва "Қасоси модагург"-и Ховари Пӯлод соҳиби ҷои сеюм гардиданд.

Дар бахши беҳтарин "Китоби публисистӣ"-и озмун ҷойи аввал ба китоби "Бобоҷон Ғафуров ва тамаддуни Шарқ"-и Қурбоналӣ Раҳмонзода, ҷойи дувум ба китоби "Сухан пероҳани ҷон аст"-и Камол Насрулло ва ҷойи севвум ба китоби “Рӯзи Президент – нишони эҳтиром ба шоҳкориҳои Эмомалӣ Раҳмон”, ки аз ҷониби Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” мураттаб гардидааст, тақдим гардид.

Дар номинаи "Китоби назми бачагона" китобҳои зерин соҳиби ҷоиза гардиданд;

Ҷойи аввал – китоби "Бозиҳои Акбарҷон"-и Латофат Кенҷаева

Ҷойи дуюм – китоби "Чистонҳо"-и Сафар Раҷаб

Ҷойи сеюм – китоби "Набераҳои бобо"-и Аламхон Кӯчарзода

Вале дар номинаи "Китоби насри бачагона" ягон китоб ба далели ҷавобгӯ набудан ба шартҳои низомномаи озмун сазовори ҷойи аввал ва сеюм нагардид.

Танҳо мураттиби китобҳои “Қиссаҳои хуб барои бачаҳои хуб” дар 8 ҷилд ва “Қиссаҳои Шоҳнома” дар 4 ҷилд Илҳом Ғиёсов, корманди Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” ғолиби ҷойи дуюм дониста шуд.

Дар номинаи "Тарҷумаи бадеӣ" ҳам ягон китоб сазовори ҷойи аввал нагардид. Ҷойҳои дуюму сеюм ба китобҳои зерин тақдим гардид:

Ҷойи дуюм –  китоби “Ҳозирги замон тожик насри" дар тарҷумаи Амонбой Ҷуманов;

Ҷойи сеюм – китоби “Умедамро аз даст додан намехоҳам” дар тарҷумаи Саидмурод Расулӣ.

Китобҳои “Хатҳои бехато”-и Файзи Ашӯр,  “Гулзори нур”-и Зиё Абдулло, “Бозгашт”-и Абдуғаффори Партав, “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими Ваҳдат”-и Қозиён Шариф, “Пешвои миллат ва соли маърифати ҳуқуқӣ”-и Сангинзода Дониёр Шомаҳмад низ ба озмун пешниҳод гардида буданд ва бо ифтихорнома сарфароз гардиданд.

Бояд гуфт, ба ғолибони ҷойи аввал мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ, ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 1500 сомонӣ тақдим карда шуд. Барои “Шоҳҷоиза” бошад 5 ҳазор сомонӣ тақдим намуданд.

Барои муайян кардани ғолибон, ҳакамон дар ҳайати Абдураҳмон Абдуманнон – адабиётшинос, мунаққид, Абдулҳамид Самад –  Нависандаи халқии Тоҷикистон, Рустам Ваҳҳобзода – Шоири Халқии Тоҷикистон, Азизи Азиз – мудири бахши назми бачагонаи Иттифоқи нависандагон ва Беҳрӯзи Забеҳулло – шоир, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таъсис ёфта буд.

Озмуни “Китоби сол” ҳамасола дар кишвар доир ва  дар охири сол ҷамъбаст мегардад.

Ҳадафи озмун дарёфти беҳтарин китобҳои сол, ки ҷавобгӯи меъёрҳои санъати сухан ва забони адабӣ буда, мазмуну муҳтавои онҳо мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва амнияти кишварро фаро мегиранд, зикр мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...