Таътили зимистона дар мактабҳои Тоҷикистон як ҳафта давом мекунад

Asia-Plus

Имсол дар фасли зимистон хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 1 то 7-уми январ истироҳат мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷадвали нави таътилҳо бо қарори ҳукумати кишвар аз 28-уми марти соли 2024 тасдиқ шудааст. Дар Вазорат зикр карданд, ки  камшавии рӯзҳои таътили тирамоҳӣ, зимистона ва баҳории мактабхонҳо дар Тоҷикистон аз ҳисоби зиёд кардани таътили тобистона сурат мегирад.

"Бо дарназардошти ин тағйирот, шумораи ҳафтаҳои таҳсил аз 36 то 35 ҳафта кам шуд. Дар ҳамин замина, чоряки чаҳорум на 14-уми июн, балки 31-уми май ба охир мерасад. Мувофиқи ин, таътили тобистона дар Тоҷикистон аз 1-уми июн оғоз меёбад", – гуфтанд дар Вазорати маориф.

Соли хониш бе назардошти ҷамъбаст дар соли 2024/2025 35 ҳафта ва барои хонандагони синфҳои якум – 34 ҳафта давом мекунад.

Акнун таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр, зимистона – аз 1 то 7 январ ва баҳорӣ – аз 25 то 29 март идома меёбанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан хонандагон дар давраи таътилҳои тирамоҳиву зимистона ва баҳорӣ 10 рӯз истироҳат мекарданд: аз 1 то 10 ноябр, аз 1 то 10 январ ва аз 21 то 31 март.

Соли 2010 таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон умуман бекор шуданд. Сабаб буҳрони энергетикӣ номида шуд, замоне, ки мактабҳо бо низоми гармидиҳӣ таъмин набуданд ва дар ҷумҳурӣ реҷаи шадиди маҳдудияти барқ ё худ лимит амал мекард. Он вақт таътили зимистона то 1 моҳ дар моҳи январ дароз карда шуда, таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ бекор карда шуданд.

Баъдан моҳи октябри соли 2011 Вазорати маориф изҳор дошт, ки баҳору тирамоҳ танҳо синфҳои ибтидоӣ истироҳат мекунанд, лекин соли 2012 истироҳат дар давраи миёнаи таҳсилро барои синфҳои ибтидоӣ низ бекор карданд.

Соли 2018 дар ҷадвали мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ барқарор карда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...