Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ парвариш ёфта, аммо пешгӯиҳои хушбинона оид ба истеҳсоли пахта амалӣ нашуданд: он 27% камтар аз нақша ҷамъоварӣ шуд.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2024 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба 67,2 млрд сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3% бештар аст.

Дар ҳамаи бахшҳои асосӣ афзоиш ба назар мерасад. Истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 13,7% афзудааст. Соҳаи чорводорӣ низ бо афзоиши 5,6% тамоюли мусбатро нишон медиҳад.

Мутахассисон ин натиҷаҳоро ба татбиқи усулҳои замонавии кор ва дастгирии давлатии соҳаи кишоварзӣ рабт медиҳанд.

Минтақаҳои Тоҷикистон: кӣ ба афзоиши беҳтарин ноил гардид?

Дар минтақаҳои Тоҷикистон суръати гуногуни рушди иқтисодӣ ба қайд гирифта шуд.

Дар ин самт Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешсаф буда, дар ин ҷо афзоиш 14,8%-ро ташкил дод. Ҳаҷми умумии маҳсулот ба 10,3 млрд сомонӣ расид.

Вилояти Суғд дар ҷойи дуюм қарор дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ин минтақа 20,5 млрд сомонӣ ва суръати афзоиш 13%-ро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 35,6 млрд сомонӣ ва суръати афзоиш ба 9,6% расид.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 834,2 млн сомонӣ ва суръати афзоши ҳамагӣ 1%-ро ташкил дод.

48 млрд сомонӣ: нишондиҳандаи рекордии растанипарварӣ дар соли 2024

Ҳаҷми умумии маҳсулоти растанипарварӣ дар давраи зикршуда 48 млрд 28,2 млн сомониро ташкил дод, ки 13,7% зиёдтар нисбат ба соли 2023 аст.

Дар ин ҷо ҳам Ноҳияҳои тобеи марказ пешсаф буда, суръати афзоиш 24,2% ва ҳаҷми истеҳсол 7 млрд 19 млн сомониро ташкил дод.

Вилояти Хатлон бузургтарин истеҳсолкунанда – 25,8 млрд сомонӣ боқӣ монда, афзоиши истеҳсол 12,5%-ро ташкил дод. Вилояти Суғд бо ҳаҷми истеҳсоли 14,7 млрд сомонӣ ва суръати афзоиши 11,9% дар зинаи дуюм қарор гирифтааст. Дар ВМКБ ҳамагӣ 0,2% афзоиш ба қайд гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли зироати ғалладона дар соли ҷорӣ зиёда аз 1,17 млн тоннаро ташкил додааст, ки ҳудуди 880 ҳазор тоннааш ба гандум рост меояд.

Ҳамчунин 1,2 млн тонна картошка, зиёда аз 4 млн тонна сабзавоту полезиҳо, ҳудуди 800 ҳазор тонна мева, аз ҷумла 244 ҳазор тонна себ, 280 ҳазор тонна зардолу ва 268 ҳазор тонна ангур истеҳсол шудааст.

Аммо истеҳсоли пахта, баръакс 27,5% коҳиш ёфт, ки ин ба шароити номусоиди обуҳаво дар соли ҷорӣ ва инчунин ба тақсимоти дубораи захираҳои кишоварзӣ ба фоидаи зироатҳои озуқаворӣ вобаста аст.

Афзоиши 5,6%: рушди чорводорӣ дар соли 2024

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ба 19 млрд 172,6 млн сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,6% зиёд шудааст.

Вилояти Хатлон аз рӯи ҳаҷми мутлақ пешсаф мебошад (9,8 млрд сомонӣ), аммо суръати афзоиш дар ин минтақа танҳо 2,8%-ро ташкил дод.

Вилояти Суғд беҳтарин суръати афзоишро нишон дод — 13,8% ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он ба 5,8 млрд сомонӣ расид. Дар ВМКБ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот 364,2 млн сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиши он 2,1%-ро ташкил медиҳад. Дар Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баръакс – 1,4% поинравӣ ба қайд гирифта шуд.

Истеҳсоли гӯшти чорвои калони шохдор ва чорвои майда ба 295 ҳазору 841 тонна расид, ки нисбат ба соли гузашта 5,5% зиёд мебошад. Истеҳсоли гӯшти парранда 4,2% зиёд шуда, ба 18 ҳазору 335 тонна расид.

Истеҳсоли шир 2% афзуда, ба 1 млн 151,5 ҳазор литр расид.

Истеҳсолкунандагони асосӣ хоҷагиҳои хонавода

Ҳиссаи назаррасро дар бахши кишоварзӣ хоҷагиҳои аҳолӣ ташкил медиҳанд. Вазни қиёсии онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ ба 47,8% баробар аст.

Ин хоҷагиҳо қисми асосии истеҳсоли сабзавоту мева ва маҳсулоти шириро таъмин мекунанд, ки аз нақши муҳим доштани аҳолии деҳот дар таъмини амнияти озуқавории кишвар гувоҳӣ медиҳад.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ низ дар сохтори кишоварзии кишвар саҳми назаррас дошта, 40,2% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳанд. Ин ба дастгирии фаъолонаи хоҷагиҳои фермерӣ ва ҳавасмандкунии соҳибкории хусусӣ дар кишоварзӣ вобаста аст, ки ба баланд бардоштани самаранокӣ ва ҳосилнокии он мусоидат мекунад.

Саҳми хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 12% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Нақши онҳо дар робита ба ислоҳоте, ки ба рушди хоҷагиҳои хусусӣ ва деҳқонӣ нигаронида шудааст, тадриҷан коҳиш меёбад.

Ин нишондиҳандаҳо тамоюлҳои ислоҳот ва рушди бахши кишоварзиро ба самти баланд бардоштани нақши истеҳсолкунандагони хурд ва хоҷагиҳои фермерӣ инъикос мекунанд, ки ба рушди устувори минтақаҳои деҳот мусоидат мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...