Ширҷӯш, устои мошин… Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯйхати касбҳое, ки муҳоҷирони тоҷик дар соли оянда метавонанд дар Қатар кор кунанд, эълон кард. Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, Қатар танҳо мутахасисони мошинсоз ё устоҳои мошин ва чорвопарваронро интизор аст.

Ба иттилои ин ниҳод, доштани таҷрибаи 2-3-соли корӣ дар аксари ин самтҳо муҳим аст.

Қаблан хадамот гуфта буд, ки Қатар дар баробари устои мошин ва чорвопарварон, инчунин барои меҳмонхонаҳо ва сохтмон коргар даъват мекунад. Вале дар рӯйхати касбҳое, ки ҳамакнун эълон кардааст, кор дар сохтмон ва меҳмонхонаҳо дида намешавад

Касб ва шартҳое, ки Хадамоти муҳоҷират барои корҷӯён пешниҳод кардааст, ба тартиби зайланд:

1. Мутахасисони соҳаи мошинсозӣ ва таъмири мошинҳо.

– назорати ҳуҷҷатҳои семинарӣ, дорандаи дипломи мошинсозӣ;

– механики дизел;

– кумакрасон дар анборҳои мошинҳои боркаш;

2. Фермаи чорвопарварӣ.

– оператори калон коркард, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2 соли корӣ дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;

– техники низоми механикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2 сол дар истеҳсоли кор дар соҳаи маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;

– техники низоми электрикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2 соли корт дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;

– кор дар озмоишгоҳ (лабаратор), бо доштани таҷрибаи на кам аз 2 соли кор дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;

– назоратгари системаи ETP/RO, дараҷаи бакалавр дар муҳандиси кимиёвӣ;

– ширҷушӣ;

Қаблан, Хадамоти муҳоҷират эълон кард, ки шаҳрвандони аз 20 то 38 солаи Тоҷикистон метавонанд соли оянда барои кор ба Қатар раванд. Музди маош беш аз 600 доллар аст ва ҳамаи хароҷотро кортаъминкунанда пардохт мекунад.

Манбаъ гуфт, шаҳрвандонро “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа"-и Хадамоти муҳоҷират ба Қатар мефиристад ва шартҳои асосӣ донистани забони англисӣ, надоштани доғӣ судӣ ва синну соли 20 то 38-сола аст.

Барои сабти ном бояд ба “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва сохторҳои ин ниҳодҳо дар маркази вилоятҳо муроҷиат кард.

Хоҳишмандон метавонанд, тавассути рақамҳои 225 05 75 ва 225 02 21 дар бораи кор дар Қатар маълумоти бештар пайдо кунанд. Як санҷиши кутоҳи“Азия-Плюс” маълум кард, ки аз ин ду рақам анҳо як рақами он (225 05 75) фаъол аст.

Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...