Дар Тоҷикистон мудирони мактаб чӣ тавр таъйин мешаванд?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон интихоб ва таъйини директорони мактабҳо бо такя ба талабот ва санадҳои қонунгузории кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва шуъбаҳои он дар шаҳру навоҳии кишвар сурат мегирад.

Аз вазорат ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин раванд мутобиқи “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон” ва “Қонун дар бораи маориф” амалӣ карда мешавад.

Дар ин ниҳод зикр карданд, ки мувофиқи низомнома, мудирони мактабҳои ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ва мудирони мактабҳои шаҳру навоҳӣ аз ҷониби шуъбаҳои маориф таъйин ва озод карда мешаванд.

“Тибқи қонунгузорӣ ба директори муассисаи таълимӣ, ба ғайр аз роҳбарии корҳои методӣ ишғоли дигар вазифаи роҳбарикунанда дар дохили муассиса ё берун аз он манъ аст”,-гуфтанд дар вазорат.

Дар Тоҷикистон мудирони муассисаҳои таҳсилотӣ тибқи шартнома ба мӯҳлати панҷ сол таъйин карда мешаванд. Як нафар наметавонад бештар аз ду мӯҳлат пайи ҳам дар як муассиса ба унвони мудир фаъолият кунад. Гуфта мешавад, ки ин тартиб барои пешгирии дарозмуддат шудани роҳбарият дар як муассиса пешбинӣ шудааст.

Раванди таъйину ҷойивазкунии мудирони муассисаи таҳсилоти умумӣ, мутобиқи Кодекси меҳнат сурат мегирад.

Дар Вазорати маориф ва илм гуфтанд, ки тибқи меъёри қонунгузорӣ номзад ба роҳбарии муассисаи таҳсилотӣ, бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

– таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ ва собиқаи кори омӯзгории на кам аз 7-сола дошта бошад;

– санадҳои меъёрии ҳуқуқии асосии Тоҷикистонро дар соҳаи маориф ва равоншиносӣ донад;

– масъалаҳои ҳуқуқ ва вазифаҳои ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба масъалаҳои таҳсилоти умумӣ дарк намояд;

– масъалаҳои менеҷмент ва маблағгузорӣ дар соҳаи маорифро донад.

Бояд гуфт, ки таъкид ба тахассуси касбӣ, собиқаи кор, донишҳои ҳуқуқӣ ва равоншиносӣ нишон медиҳад, ки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд дорои малакаҳои баланди касбӣ ва идоракунӣ бошанд.

 

Дар кадом ҳолат мудири мактаб ҷазо мегирад?

Дар Вазорати маориф ва илми кишвар гуфтанд, ки мувоффиқи моддаи 62-и Кодекси меҳнат мудири мактабро дар ҳолати риоя накардани интизоми меҳнатӣ, нисбаташ чунин намудҳои ҷазои интизомӣ татбиқ мешавад:

– сарзаниш;

– танбеҳ;

– танбеҳи қатъӣ;

– ба вазифаи дигар мегузаранд ва ё ин ки аз вазифа сабукдӯш мешаванд.

Бояд гуфт, ки тартиби татбиқ ва мӯҳлати ҷазои интизомӣ тибқи моддаи 63-юми кодекси мазкур аз ҷониби корфармо амалӣ карда мешавад. Пеш аз ҳама корфармо ҷазои интизомиро бо қабули санад татбиқ мекунад, замоне, ки корманд аз додани баёнот даст кашад. Дуввум ҳангоми интихоби ҷазо, корфармо мазмун ва вазнинии кирдор, рафтори пешина ва муносибати кормандро ба назар мегирад. Тибқи қонунгузорӣ барои ҳар як кирдор танҳо як намуди ҷазо дода мешавад. 

Ҳамчунин ҷазо нисбати корманд дар чунин ҳолатҳо татбиқ намешавад: ҳангоми беморӣ, дар вақти иҷрои ӯҳдадориҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми рухсатӣ ё сафар.

Тибқи Кодекси меҳнат ҷазо дар давоми як моҳ аз рӯзи ошкор шудани кирдори корманд татбиқ бояд шавад. Ва мӯҳлати ҷазо аз шаш моҳ зиёд набояд бошад ва ин муддат нисбати корманд ҷазои нав дода намешавад.

Бояд гуфт, ки қаблан даҳоо мудири мактабро аз вазифа озод карда буданд. Ҳамчунин хабарҳо дар робита ба сарзанишу аз вазифа сабукдӯш кардани мудирони мактаб расонаӣ шуда буд. Қаблан Вазорати маориф ва илми кишвар дар пайи кушта шудани як хонандаи мактаби 101-и  деҳаи Суғдиёни шаҳри Ваҳдат, мудири ин мактабро аз вазифа барканор намуд.

Ба ғайр аз ин дар соли 2021 дар пайи ҳодисаи ғарқшавии 4 хонандаи мактаби Истаравшан дар дарёи Сир, ки Додситонии шаҳри Хуҷанд нисбати мудири мактаб ва як омӯзгор парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...