“Занонро аз тиреза набинанд”. Маҳдудияти навбатии “Толибон” нисбат ба занон

Таҳияи Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Роҳбари ҳукумати "Толибон"* дар Афғонистон Ҳайбатуллоҳ Охундзода дастур додааст, ки дар биноҳои нав сохташаванда тирезаҳо набояд ба самти ҳавлӣ, ошхона ва чоҳҳои об, ки асосан занон истифода мебаранд, кушода шаванд. Инчунин тирезаҳо набояд ба ҳавлии ҳамсояҳо боз шаванд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо нашри ин қарор изҳор доштааст, ки маҳдудияти мазкур “барои пешгирии амалҳои ғайриахлоқӣ равона шудааст”.

Ба гуфтаи ӯ, мушоҳидаи занон ҳангоми анҷоми корҳои рӯзмарра метавонад боиси рафторҳои номатлуб гардад.

Мақомоти маҳаллӣ вазифадор шудаанд, ки ба риояи ин қоида дар маҳалҳои сохтмонӣ назорат баранд. Ҳамзамон, ба соҳибони хонаҳои қаблан сохташуда тавсия дода мешавад, ки дар манзилҳояшон “деворҳои муҳофизатӣ” созанд, то занонашонро аз чашми номаҳрамон ҳифз кунанд.

Бояд гуфт, ки аз замони ба сари қудрат омадани ин гурӯҳ дар соли 2021, онҳо пайваста озодиҳои занонро маҳдуд мекунанд – аз манъи таҳсил то маҳдуд кардани ҳуқуқи кор кардан берун аз хона.

Созмонҳои байналмилалӣ пайваста қарорҳои "Толибон"-ро маҳдуд кардани озодиҳои занон дар Афғонистон унвон мекунанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар пайваста нисбати сиёсати зидди занонаи Толибон изҳори нигаронӣ мекунанд. Коршиносон бар он назаранд, ки чунин маҳдудиятҳо на танҳо ба пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон монеа эҷод мекунанд, балки ба рушди ҷомеаи ин кишвар дар маҷмӯъ таъсири манфӣ мерасонанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...