Субҳ ба хайр, Тоҷикистон Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 январи соли 2025

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 1 ЯНВАР

Соли 1933 – Дар заминаи Китобхонаи шаҳрӣ, Китобхонаи ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт, ки он соли 1934 номи Абулқосим Фирдавсиро гирифт.

Соли 1934 – Театри вилоятии шаҳри Хуҷанд таъсис ёфт.

Соли 1991 – Нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — "Садои мардум" таъсис  ёфт.

Соли 1993 — Шабакаи телевизиюнии "Euronews" таъсис ёфт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1885 — Мавлуди Баҳром Сирус, доктори илмҳои филология, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон;

Соли 1920 — Зодрӯзи Шамсӣ Қиёмов, драматург, коргардони театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон;

Соли 1928 — Мавлуди Гулчеҳра Сулаймонӣ, шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Гулчеҳра Сулаймонӣ соли 1928 дар хонаводаи Пайрав Сулаймонӣ, яке аз адибони шаҳири тоҷик дар Бухоро ба дунё омааастд. Хатмкардаи омӯзишгоҳи духтарона ва Институти давлатии педагогии Бухоро аст.

Ӯ муаллифи зиёда аз 20 маҷмӯаи ашъор мебошад. Аз ҷумла, маҷмӯаҳои "Имрӯз ид", "Ду бех олу", "Наргис", "Чархофалак", "Аспак", "Чил кокули бозигар", "Себи хубон" ва ғайра.

Соли 1936 — Зодрӯзи Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз, шоир, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон;

Соли 1939 — Мавлуди Алиҷон Солиев, сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон;

Соли 1940 — Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, шоир, Корманди шоистаи Тоҷикистон;

Соли 1955 — Гулсифат Шаҳидӣ, адабиётшинос.

Гулсифат Шаҳидӣ соли 1955 дар оилаи иқтисоддонҳо Ғаффор ва Масрура Сатторовҳо ба дунё омад. Фориғуттаҳсили бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аст.

Ӯ узви Иттифоқи нависандагони Русия ва Гилдияи эҷодии Авруосиё буда, дар Маскав ва Лондон кору зиндагӣ мекунад. Ҳамсараш оҳангсози маъруфи тоҷик Толибхон Шаҳидӣ аст. Ӯ солҳо дар Тоҷикистон дар самти журналистика фаъолият бурдааст. Баъдтар ба фаъолияти эҷодӣ пардохта, беш аз даҳ китоб нашр кард, ки ба забонҳои гуногун тарҷума шудаанд.

Соли 1957 – Зодрӯзи Абдулмаҷид Усмонов, рӯзноманигори тоҷик ва собиқ диерктори телевизиони "Ҷаҳоннамо".

Соли 1957 – Зодрӯзи Шерхон Салимзода, яке аз сиёсатмадорони матраҳи ҳукумати Тоҷикистон.

Ӯ додситони шаҳри Душанбе, муовини Додситонии кулли Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон кор кардааст. Аз 30 январи соли 2010 то 24 январи соли 2015 Додситони кулли Тоҷикистон буд.

Ба сифати раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва бори дуввум директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло нафақахӯр.

Соли 1960 – Зодрӯзи Ҷонибек Асрориён, журналист ва таърихнигори тоҷик.

Соли 1962 – Зодрӯзи Исматулло Холов, овозхони тоҷик, падари Нигора ва Суруш Холовҳо.

Соли 1965 – Зодрӯзи Шамсиддин Қурбонов, муассиси Маркази тиббии "Насл".

Соли 1973 – Зодрӯзи Асадулло Раҳмон, ёрдамчии президент оид ба масоили кадрӣ, собиқ раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

1-уми январ ҳамчун рӯзи соли нав дар аксари давлатҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз оғози тақвими мелодӣ (Григорянӣ) аст, ки он тақвими расмии аксари кишварҳо мебошад. Ҷашни Соли нав таърихи қадимӣ дорад ва бо гуногунии расму анъанаҳо дар кишварҳои мухталиф таҷлил мегардад.

 

ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БАРОИ 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона бебориш, рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳию доманакӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 3+8º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона 1+6º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 31-33º сард, рӯзона 9-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат. Ҳарорати ҳаво шабона ва рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона борони суст меборад. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона ва рӯзона 6+8º гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 5-7º сард, рӯзона 0-2º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...