Парвози аввалини ҳавопаймо дар масири Душанбе – Кӯлоб ва баръакс дар замони истиқлол анҷом ёфт

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Парвози аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Кӯлоб дар замони истиқлол имрӯз, 15-уми январ, бо 17 мусофир анҷом ёфт. Дар ин бора аз ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Дар ширкати мазкур гуфтанд, ки парвоз аз Душанбе ба Кӯлоб 30 дақиқа ва баръакс низ дар ин муддат давом кардааст.

“Ҳавопаймо соати 10:20 дақиқа аз шаҳри Душанбе парвоз кард ва соати 10:50 ба шаҳри Кӯлоб фуруд омад. Аз шаҳри Кӯлоб ҳавопаймо соати 13:30 парвоз карда, соати 14:00 ба шаҳри Душанбе фуруд омад”, – гуфтанд дар ширкати “Тоҷик Эйр”.

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Кӯлоб ва Душанбе–Панҷакент хабар дод.

Парвозҳо ба ин ду масир бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом хоҳанд шуд, ки барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои ширкати “Тоҷик Эйр”, парвоз миёни Душанбе ва Кӯлоб ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд. Нархи чиптаи ин масир 300 сомонӣ мебошад.

Шаҳрвандон метавонанд барои харидории чипта ба суроғаи ин ширкати ҳавопаймоӣ воқеъ дар Душанбе, кӯчаи Мирзо Мастонгулов, 32/1, муроҷиат кунанд ва ё ба  рақамҳои (+992) 110000012 занг зананд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин парвози ҳавопаймо дар ин масир дар замони истиқлол аст. Қаблан, дар замони шӯравӣ дар ин масир ҳавопаймо парвоз мекард.

Ёдовар мешавем, ки қарор буд аввалини ҳавопаймо дар хатсайри Душанбе–Панҷакент дирӯз, 14-уми январ, соати 9:00 парвоз кунад, аммо бо сабаби вазъи обу ҳаво парвоз ба рӯзи 16 –уми январ мавқуф гузошта шуд.

Намояндаи ширкати “Тоҷик Эйр”  гуфт, ки бо вуҷуди ҳавои мусоид дар шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент, дар масири парвоз ҳаво ҳанӯз номусоид боқӣ мемонад.

Арзиши чиптаи хатсайри Душанбе-Панҷакент 400 сомонӣ гуфта мешавад.

Вақти парвоз аз Душанбе ба Панҷакент соати 09:00 саҳар ва аз Панҷакент ба Душанбе соати 10:30 саҳар маълум шудааст. Гуфта мешавад, ки парвоз 40-45 дақиқаро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ширкати “Тоҷик Эйр”, парвоз хатсайри Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд.

Қаблан низ ширкати “Тоҷик Эйр” гуфта буд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд. Аммо бо сабабҳои номаълум ин парвозҳо ба моҳи январ гузошта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...