Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Палати ҳисоби Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти маолиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории пойтахт дар соли 2024 дархост ирсол намуд.

“Дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фиристода мешавад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.

Ин бори аввал нест, ки Рустами Эмомалӣ ба хотири таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи маблаҳои буҷет дар пойтахт ба мақомоти марбута дар ин хусус бо дархост муроҷиат мекунад.

Аз соли 2017, замони шаҳрдории пойтахтро ба уҳда гирифтани Рустами Эмомалӣ ӯ ҳамасола моҳи январ ба сохторҳои дахлдори ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдорӣ муроҷиат мекунад.

Қобили зикр аст, ки Рустами Эмомалӣ қаблан низ ба Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррпусия дар ин хусус муроҷиат карда буд: соли 2018 ва моҳи январи соли 2019 – бо мақсади санҷиши фаъолияти шаҳрдорӣ дар солҳои 2017 ва 2018.

Он замон ӯ дархост намуда буд, ки ба масъалаи арзу шикояти шаҳрвандон дар робита ба азхудкунии маблағҳои буҷет дар шаҳрдории пойтахт, ки мушаххасан ба лоиҳаи “Манзили дастрас” дахл доштанд, рӯшанӣ андохта шавад.

Бо дархости раиси пойтахт 69 иншооте, ки ба истифода дода шуда буданд ё сохта мешуданд, мавриди санҷиш қарор гирифта, дар иншооти зикршуда ба маблағи 7,8 млн сомонӣ изофанависӣ ошкор шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2023 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатӣ ба маблағи 405,6 млн сомонӣ қонуншиканиҳои молиявӣ ошкор кард, ки 28,8 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба соли пешин буд. Аз ин маблағ 398,5 млн сомонӣ рӯёнида шуд, ки 98,2%-ро ташкил медиҳад.

Аз маблағҳои зиёни расида 63 млн сомонӣ пас аз санҷишҳои аудиторӣ дар Вазоратҳои рушди иқтисод, нақлиёт, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал ба буҷет баргардонида шуд. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш 3 нафар ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...