Кумитаи манзилию коммуналӣ: Дастрасии аҳолӣ ба оби тоза зиёд ва сарборӣ ба зерсохтори коммуналӣ низ меафзояд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон 67%-и аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд ва 41%-и онҳо ба низомҳои мутамаркази обтаъминкунӣ пайваст шудаанд. Ҳамасола 2-3% зиёд кардани ин нишондиҳанда дар назар аст. Дар ин бора Ҷамшед Табарзода раиси нави Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ (ХМК) зимни нишасти матбуотии дирӯза, 27 январ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамзамон афзоиши сарборӣ ба инфрасохтори коммуналӣ барои хоҷагии манзилию коммуналии кишвар мушкилоти ҷиддӣ ба бор меорад.

"Бо вуҷуди пешрафт, инфрасохтори таъмини об бо як қатор мушкилот дучор аст. Дар як қатор шаҳрҳо, ки дар онҳо сохтмони манзилҳои нав фаъолона идома дорад, низомҳои мутамаркази таъмини об ва обу корез аксар вақт ба сарбории аз ҳад зиёд дучор мешаванд. Ин ба вайроншавӣ ва аз кор мондани як қатор иншооти коммуналӣ оварда мерасонад, зеро шабакаҳо барои сарбории камтар ба нақша гирифта шудаанд", гуфт ӯ.

Ба таъкиди раиси нав, вазъ бахусус дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ душвор аст, зеро дар ин ҷойҳо сохтмони манзилҳои нав дар ҳоли афзоиш буда, ин иншоот ба системаҳои кӯҳнаи шабакаҳои таъмини об пайваст карда мешаванд. Бинокорон шабакаҳои навро мутобиқ ба талаботи замонавӣ намесозанд, ки ин мушкилотро боз ҳам душвортар мекунад.

Дар идомаи нишасти хабарӣ, Абдулазиз Достизода, муовини раиси Кумита гуфт, ки натиҷаи татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи оҷагии манзилию комуналӣ ин шуд, ки аз соли 2020 зиёда аз 960 ҳазор нафар ба оби нӯшокии тоза дастрасӣ пайдо карданд.

"Аммо барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, ҷиҳати навсозии инфрасохтор тадбирҳои иловагӣ, инчунин пурзӯр намудани назорат аз болои сохтмонҳои ғайриқонунӣ ва мутобиқати фаъолияти бинокорон ба меъёрҳои муосир зарур аст", – гуфт вай.

 

Кумитаи нав: ваколату мушкилот зиёд шуд

Бо таъсиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар моҳи сентябри соли 2024, вазифаҳои он васеъ шуданд. Ҳоло Кумита ҳуқуқи комил дорад, ки риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи коммуналиро назорат намуда, омилҳои манфии таъсиррасон ба фаъолияти иншооти коммуналиро пешгирӣ намояд, инчунин санҷишҳои техникӣ ва аудитҳои системаҳои таъмини об ва обу корезро баргузор кунад.

Кумитаи навтаъсисро зарур аст, ки таъҷилан як қатор вазифаҳоро ҳаллу фасл намояд. Масалан, вазъи ҷамъоварии партови об дар Тоҷикистон дар сатҳи паст қарор дорад: дар шаҳрҳо 64%, дар шаҳракҳо – 10%, ва дар деҳот – ҳамагӣ 0,1%. Омилҳои муҳим дар ин самт фарсудашавии инфрасохтор мебошанд — 32% иншоот дар шаҳрҳо ва то 60% – дар деҳот корношоям гардидаанд.

Талафи об ба 60% дар шаҳрҳои бузург ва 20% – дар шаҳрҳои хурд мерасад. Тарифҳои паст ва норасоии маблағгузорӣ имкон намедиҳанд, ки корҳои зарурии таъмиру навсозӣ гузаронида шаванд.

Вазъият бо сабаби вазъи нохуби беҳдошт (санитария) ва набудани системаи босифати тозакунии обҳои партов боз ҳам вазнинтар мешавад. Сокинон, бахусус дар деҳот, маҷбуранд аз манбаъҳои ҳифзнашудаи об истифода кунанд, ки ин ба олудашавии об ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ оварда мерасонад.

Дар доираи Стратегияи миллии рушд то соли 2040, нақшаи густурдаи беҳтар намудани вазъият тарҳрезӣ шудааст. Дар назар аст, ки 90% аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуда, дар шаҳру шаҳракҳо оби ошомиданӣ мустақиман ба хонаҳои мардум дода шавад.

 

Таърифаҳои таъмини об – поинтар аз арзиши аслӣ

Моҳи июли соли 2024 таърифаҳои таъмини об дар Тоҷикистон 20% зиёд карда шуданд. Барои аҳолӣ нархи як метри мукааби об (ба истиснои Душанбе, Хуҷанд ва чанд шаҳри дигар) акнун аз 1,3 то 1,4 сомонӣ шудааст (қаблан – 1,09 сомонӣ).

Тарифҳои ҷорӣ барои муассисаҳои буҷетӣ – 2,77 сомонӣ ва барои ташкилотҳои тиҷоратӣ – 4,28 сомонӣ бидуни андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) мебошанд. Ин нархҳо сеяк ё чоряки ҳиссаи арзиши воқеии таъминот бо обро фаро мегиранд, ки боиси зиёни ҷиддии соҳаи ХМК мешавад.

Арзиши аслии таъмини об ва обпарто ба як қатор омилҳо вобаста аст: кашидани об, тозакунии он, интиқол, фарсудашавии инфрасохтор, хароҷоти таъмир, нерӯи барқ, хариди об ва бартараф кардани садамаҳо. Ба ҳисоби миёна арзиши як метри мукааби об аз 4 сомонӣ бештар аст.

Вазъият бинобар сабаби инфрасохтори фарсуда боз ҳам душвортар мешавад, ки ба таъмиру навсозии ҷиддӣ ниёз дорад. Аммо қобилияти пардохтпазирии пасти аҳолӣ, махсусан дар минтақаҳои камбизоат, ҳукумати кишварро маҷбур мекунад, ки пешниҳодҳоро оид ба баланд бардоштани минбаъдаи тарифҳо рад кунад. Дар натиҷа системаҳои таъмини об ба душвориҳои рушди худ рӯбарӯ мешаванд, ки ин фаъолияти устувори онҳоро зери хатар мегузорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...