Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?

Asia-Plus

Ба ҳолати моҳи сентябри соли 2024 маоши миёна дар Қазоқистон қариб ду баробар зиёдтар нисбат ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон ва чор баробар бештар дар муқоиса бо Тоҷикистон мебошад. Аз рӯи ин нишондод миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Қазоқистон пешсаф аст.

Тавре ки Ranking.kz хабар медиҳад, дар ин бора таҳлилгарони Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ маълумот додаанд.

Инак, маоши миёна:

Таъкид мешавад, ки агар мақомоти Тоҷикистон соли гузашта индексатсия намегузарониданд, фарқияти байни кишвари пешсаф ва зинаи охир метавонист боз ҳам бештар бошад. Ба туфайли чунин тадбир, маоши номиналӣ тақрибан 25% ва маоши воқеӣ 21,1% афзоиш ёфт.

Ба ҳар ҳол, ин ҷараёни босуръаттарин аст, зеро ҳамсояҳои минтақа низ нишондиҳандаҳои худро баланд бардоштанд, аммо на ба ин андоза.

Аз рӯи андозаи маоши ҳадди ақал, Қазоқистон боз ҳам дар ҷои аввал қарор дорад:

Ин ҷо таҳлилгарон дар бораи Туркманистон низ маълумот пайдо кардаанд ва рақамҳо хеле баланд ба назар мерасанд. Маоши миёна дар сатҳи 1410 манат ё 402,9 доллар қарор дорад. Аммо зикр мешавад, ки мақомоти ҷумҳуриявӣ асъори миллиро бо қурби расмӣ ба доллар табдил медиҳанд, ки беш аз панҷ сол боз дар сатҳи 3,5 манат барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.

Аммо тибқи назари коршиносон, ивази манат бо чунин қурб дар дохили Туркманистон амалан ғайримкон буда, мардум метавонанд пулро танҳо бо қурби бозори сиёҳ – 1 ба 19 иваз кунанд. Аз ин рӯ, дар асл, «ҳадди ақалл» дар кишвар аз $74,2 зиёд нест.

 

Ба киҳо дар Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар маош пардохт мекунанд?

Дар мақомоти омор ба кадом касбу ихтисосҳо аз ҳама зиёд пардохт шудани маошро низ мавриди таҳлил қарор додаанд.

Дар Қазоқистон пешсафон кормандони соҳаи молия, суғурта ва саноати маъданканӣ зикр шудаанд. Маош – 1,7 ҳазор доллар.

Дар Тоҷикистон низ кормандони соҳаи молия ва санати коркард зикр шудаанд, аммо андозаи маош зикр нашудааст.

Дар Ӯзбекистон ва Қирғизистон мутахассисони соҳаи IT (технологияҳои иттилоотӣ) ва кормандони соҳаи молия тақрибан 1 ҳазор доллар маош мегиранд.

Навъҳои фаъолият, ки маоши паст доранд, дар тамоми кишварҳои минтақа тақрибан якхела мебошанд. Ба онҳо соҳаҳои маориф, тандурустӣ, комплекски агросаноатӣ ва хизматрасониҳои коммуналӣ дохил мешаванд.

Ниҳоят таҳлилгарон сатҳи афзоиши нархҳои истеъмолиро дар Осиёи Марказӣ аз моҳи январ то октябри соли гузашта ҳисоб карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...