Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дарвозаҳои электронӣ, ки беш аз як сол қабл дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб шуда буданд, то миёнаи моҳи марти соли 2025 пурра ба кор медароянд. 

Тавре роҳбари Ҳабибулло Назарзода Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон иттилоъ дод, система ҳоло дар марҳилаи анҷомёбӣ ва ҳамгироӣ бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ қарор дорад ва дар айни ҳол 90% омода шудааст.

"Системаи дарвозаҳои электронӣ тамоми маълумоти интернетии ширкатҳои ҳавопаймоиро дар бар мегирад. Мо нақша дорем, ки аз 15 март ин дарвозаҳо пурра фаъол шаванд",-гуфт Назарзода. 

 

Навбатҳои тӯлонӣ дар фурудгоҳро кам мекунад?

Яке аз ҳадафҳои асосии ҷорӣ кардани дарвозаҳои электронӣ коҳиш додани навбатҳои тӯлонӣ дар фурудгоҳ мебошад. Назарзода таъкид кард, ки система метавонад ин мушкилро ба таври муассир ҳал кунад.

“Ҳар як мусофир метавонад инфиродӣ аз ин раванд гузарад. Ҳатто танҳо як дарвоза метавонад мушкили навбатҳои тӯлонӣ дар фурудгоҳро ҳал кунад»,- гуфт ӯ. 

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки дар айни ҳол чунин дарвозаҳо танҳо дар фурудгоҳи Душанбе насб шудаанд, аммо дар оянда онҳо дар фурудгоҳҳои дигари муҳими кишвар, ба монанди Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар низ ҷорӣ карда мешаванд.

"Мусофирон мустақилона метавонанд марҳилаи назорати шиносномавиро гузашта, бидуни дахолати кормандони сарҳадӣ, раванди убури марзро суръат бахшида, вақти худро сарфа намоянд", -илова кард роҳбари Оҷонсӣ. 

Ба роҳ мондани “Дарвозаҳои электронӣ” ё худ ба қайдгирии автоматӣ аз аввали соли равон ба нақша гирифта шуда буд ва дар нимаи сол дастикам ду дастгоҳи мазкур дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе насб гардида ва ба таври таҷрибавӣ фаъол карда шуд.

Дар асоси қарори ҳукумат аз рӯзи 1-уми декабр дар ҳама фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон “Дарвозаҳои электронӣ” бояд насб ва фаъол шавад.

Ҳукумат ин навовариро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хидматрасонӣ ба мусофирон ва кам кардани вақти интизорӣ дар фурудгоҳҳо ҷорӣ менамояд.

Солҳост мусофироне, ки аз фурудгоҳҳои кишвар парвоз мекунанд, аксаран аз интизории тӯлонӣ дар навбати назорати шиносномаҳо шикоят доранд. Бо ҷорӣ шудани низоми нав, интизор меравад, ки ин мушкилӣ ҳалли худро ёбад.

 

Чӣ тавр дарвозаҳои электронӣ кор мекунанд?

Баъд аз роҳандозӣ шудани “Дарвозаҳои электронӣ” мусофирон метавонанд бе муроҷиат ба корманди гузаргоҳи сарҳадӣ, мустақиман тавассути дастгоҳҳои махсус аз назорат гузаранд.

Ин таҷҳизот дар ду самт – ҳам барои мусофирони воридшаванда ва ҳам хориҷшаванда хизмат мерасонад. Ҳама шаҳрвандони болиғи Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд метавонанд аз он истифода баранд.

Раванди гузаштан аз “Дарвозаҳои электронӣ” ин гуна аст: мусофир бояд ҳуҷҷати сафари худро ба дастгоҳи махсус гузорад. Пас аз он ки низом ҳуҷҷатро нусхабардорӣ мекунад, шахс ба дохили дастгоҳ медарояд. Дар он ҷо аксбардори худкор сурат мегирад. Ҳамаи ин амалҳо тақрибан як дақиқа вақт мегиранд.

Яке аз бартариҳои асосии низоми нав он аст, ки дар шиносномаҳо дигар муҳр гузошта намешавад. Ҳамаи маълумот дар бораи вуруд ва хуруҷи мусофир ба таври худкор дар “Низоми идораи сарҳад ва раводид” сабт мегардад.

Ин имкон медиҳад, ки саҳифаҳои шиноснома сарфа шаванд ва инчунин хатогиҳои техникӣ кам шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...