Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Эрон низоми раводид бо Тоҷикистонро барои сафари ҳавоӣ ба ҳама шаҳрҳои ин кишвар пурра лағв кардааст. Шӯрои вазирони ин кишвар қарори дахлдор дар ин бора ба имзо расонидааст ва он аз рӯзи 3-юми феврали 2025 ба иҷро медарояд. Дар ин бора хабаргузории IRNA бо такя ба Вазорати корҳои хориҷии Эрон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки то рӯзи 3-юми феврал ҷониби Тоҷикистон низ дар бораи лағви пурраи раводид барои сафар бо роҳи ҳавоӣ қарори дахлдорро қабул мекунад.

Баъди ин шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, тариқи ҳавоӣ бидуни монеа ба кишварҳои якдигар ба муддати 30 рӯз дар давоми 90 рӯз сафар кунанд.

Қаблан, танҳо байни Теҳрону Душанбе ва баръакс ва онҳо ҳам тариқи хатсайри мустақим раводид лағв шуда буд. Сафар ба дигар шаҳрҳои якдигар раводид талаб мекард.

Зимнан, рӯзи 16-уми январ Эмомалӣ Раҳмон дар як вохӯрие  дар Душанбе гуфта буд, ки худаш аввалин шуда қарори бекор кардани раводид байни ду кишварро қабул кардааст ва “ҳоло шаҳрвандони Эрон метавонанд ҳар вақт ки хоҳанд, бо аҳли оилаашон ба Тоҷикистон сафар кунанд”.

Ҳамчунин, Масъуд Пизишкиён ҳам дар як мулоқоташ бо эрониёни муқими Тоҷикистон дар Душанбе он вақт мегуфт, қабл аз сафар ба Тоҷикистон низоми раводидро миёни ҳама шаҳрҳо бекор кардаанд.

“Баҳси раводид қабл аз омадани мо ҳал шуд. То ҷое, ки битавонем, раванди рафту омад байни Эрон ва Тоҷикистонро соддатар мекунем. Ин барои ҳарду кишвар судманд хоҳад буд”, – гуфт Пизишкиён.

 

Як саҳви санади баимзорасида

Дар пайи сафари Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури пешини Эрон ба Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2023 байни ду кишвар ёддошти тафоҳум дар мавриди лағви раводид ба имзо расид. Пас аз қариб 10 моҳ мақомоти масъули ду кишвар санадҳои лозимаро тартиб дода, дар парлумони кишварҳо тасдиқ карда, аз 10-уми августи соли 2024 низоми раводидро миёни Душанбеву Теҳрон бекор карданд.

Аммо Эрон низоми раводидро бо шартҳои сафари ҳавоӣ ва он ҳам аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс лағв кард.

Ба иттилои хабаргузориҳои эронӣ ҳини имзои ин санад хатое гузаштааст, ки боиси пурра лағв нашудани раводид гардидааст.

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон, дар суҳбат бо хабарнигори “Mehr” ин хаторо шарҳ дода, гуфтааст, баъд аз имзои санадҳо маълум шуд, ки он танҳо ба мусофироне, ки аз Теҳрон ба Душанбе мераванд, дахл дорад. Аммо асли тасмим бояд тамоми шаҳрҳоро дар бар мегирифт, ки байни Эрон ва Тоҷикистон хатсайри ҳавоӣ доранд.

“Касе, ки қарорро имзо кард, ба ҷои он ки бинависад лағви раводид байни Эрон ва Тоҷикистон сурат мегирад, навиштааст, ки ин қарор танҳо байни Теҳрон ва Душанбе аст”, – шарҳ додааст Зоҳидӣ.

Ба гуфтаи Низомиддин Зоҳидӣ, “ин саҳв гузашт, аммо дӯстони мо ваъда доданд, ки бо рӯи кор омадани ҳукумати нав дар ин робита ислоҳот хоҳад шуд”.

 

Лағви раводиди ҳавоӣ, вале бо роҳи заминӣ ҳанӯз мумкин нест

Пас аз эълони лағви раводиди ҳавоӣ, Сайидризо Амирӣ Солеҳӣ, вазири мероси фарҳангӣ, сайёҳӣ ва саноати дастии Эрон, ба рӯзноманигорон гуфтааст, ки дар гузашта лағви раводид танҳо байни Теҳрон ва Душанбе амал мекард, аз ин рӯ, сайёҳони тоҷикистонӣ барои сафар ба дигар шаҳрҳои Эрон бояд аввал ба Теҳрон мерафтанд.

Ӯ афзудааст, ки ин мушкил ҳоло ҳал шудааст ва акнун шаҳрвандони ҳар ду кишвар метавонанд озодона ба ҳама шаҳрҳои ҳамдигар сафар кунанд.

Аммо, ба иттилои хабарнигори эронии “Mehr”, ин имтиёз танҳо ба парвозҳои ҳавоӣ дахл дорад ва шаҳрвандони Эрону Тоҷикистон, ки аз роҳи заминӣ ё тавассути кишварҳои дигар ворид мешаванд, то ҳол ба раводид ниёз доранд.

Мақомоти расмии ду кишвар дар ин робита чизе намегӯянд.

 

Афзоиши парвозҳо байни Тоҷикистону Эрон

Ҳоло миёни Тоҷикистону Эрон ду хатсайр фаъол аст: Душанбе – Теҳрон – Душанбе ва Душанбе – Машҳад – Душанбе.

Насрулло Замонӣ, мудири кулли фурудгоҳи байналмилалии Кеши Эрон ба хабарнигорон гуфтааст, ки парвози ҳавоӣ миёни Душанбе – Кеш – Душанбе роҳандозӣ мешавад.

Аз Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон ҳам ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки дар ин робита ҳоло миёни масъулин гуфтушунид ҷараён дорад ва дар оянда чунин хатсайр пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик хатсайри Душанбе – Шероз – Душанбе низ фаъол шавад.

Ҳоло нархи чиптаҳои хатсайри Душанбе – Теҳрон бо ширкати эронии “Ворис” аз 2,5 то 6,5 ҳазор сомонӣ (аз 8 то 25 миллион туман) ва бо ширкати тоҷикистонии “Сомон-Айр” 1 ҳазору 750 то 2 ҳазору 250 сомонӣ аст.

Ҷузъиёти дигари сафари бидуни раводидро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон”. Инчунин, сабабу баҳонаҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эронро дар ин матлаб бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...