Директори Агентии зиддинашъа гуфт, маводи мухаддири синтетикӣ ва психотропӣ миёни ҷавонон бештар паҳн мешавад

Соли 2024 миқдори маводи психотропии мусодирашуда тақрибан ду баробар ва маводи мухаддири синтетикӣ зиёда аз се баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Самад Зафар, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ гуфт, аксари ин ва дигар намудҳои маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид шуда, бештар […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Соли 2024 миқдори маводи психотропии мусодирашуда тақрибан ду баробар ва маводи мухаддири синтетикӣ зиёда аз се баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Самад Зафар, раиси Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон имрӯз, 3-юми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, аксари ин ва дигар намудҳои маводи мухаддир аз Афғонистон ба ҷумҳурӣ ворид шуда, бештар байни ҷавонон паҳн мегарданд.

Самад Зафар таъкид кард, ки дар соли 2024, сарфи назар аз коҳиши умумии ҳаҷми маводи мухаддири мусодирашуда, миқдори маводи психотропӣ қариб ду баробар ва маводи мухаддири синтетикӣ зиёда аз се баробар афзуд.

 

Нашъамандӣ коҳиш ёфтааст

Ба иттилои Самад Зафар, айни замон дар Тоҷикистон 4014 нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2023 (4160 нафар) 146 нафар ё 3,5% камтар мебошад. Аз ин шумора 110 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, дар кишвар ба ҳар 100 ҳазор нафар аҳолӣ 40,1 нашъаманд рост меояд. Таъкид карда шуд, ки дар доираи татбиқи стратегияи миллии назорати маводи нашъаовар барои солҳои 2021-2030 сатҳи нашъамандӣ коҳиш ёфтааст ва тибқи маълумоти расмӣ, дар ҷумҳурӣ шумораи шахсони сабтшуда дар марказҳои дармонӣ нисбат ба соли гузашта 146 нафар кам шудааст.

Роҳбари ин ниҳод гуфт, ки онҳо барои коҳиши нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим чорабиниҳои зиёд доир мекунанд.

“Соли 2024, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои тиббӣ ва ниҳодҳои давлатӣ, мо 2248 вохӯрӣ, 178 семинари омӯзишӣ ва 66 мизи гирд ташкил кардем. Ҳамчунин, 2519 чорабинии фарҳангӣ ва варзишии оммавӣ барои қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор намудем”, – изҳор дошт Самад Зафар.

Илова бар ин, зикр гардид, ки Агентӣ барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ аз расонаҳо истифода мебарад.

“Дар соли 2024 тавассути каналҳои гуногуни иттилоотӣ 4764 мавод нашр гардид: 1890 мавод дар шабакаҳои телевизионӣ, 1512 мавод дар радио ва 1352 мақола ва гузориш дар нашрияҳои даврӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ”, – таъкид кард директори Агентӣ.

 

Ҷинояти марбут ба маводи мухаддир афзоиш ёфтааст

Ҳамчунин, тибқи маълумоти ин ниҳод дар соли 2024 дар Тоҷикистон 839 ҷинояти марбут ба маводи мухаддир сабт шудааст, ки ин нисбат ба соли 2023 140 ҳолат ё 20% бештар мебошад.

Зафар Самад гуфт, ин 3,8% аз шумораи умумии ҷиноятҳоро ташкил медиҳад.

Ҳамагӣ дар соли 2024 дар кишвар 22 314 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта (21 319 ҷиноят) 995 ҳолат зиёдтар мебошад.

Муфаттишони Агентӣ 171 парвандаи ҷиноятӣ боз карда, 85 парвандаро нисбати 138 нафар ба додгоҳ ирсол карданд.

 

Миқдори маводи мухаддири мусодирашуда коҳиш ёфт

Дар соли 2024, аз ҷониби тамоми сохторҳои қудратии Тоҷикистон беш аз 4,3 тонна маводи мухаддир мусодира шуд, ки ин нисбат ба соли 2023 17% ё тақрибан 901,5 кг камтар мебошад.

Ба гуфтаи Зафар Самад, дар соли 2024 504,4 кг маводи мухаддир аз муомилот гирифта шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 2% бештар аст.

Сарфи назар аз коҳиши умумии мусодираи маводи мухаддир, миқдори маводи психотропии мусодирашуда 59 кг афзуда, ба 110 кг расид. Ҳамчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 17,87 ҳазор ҳабҳои маводи мухаддири синтетикӣ мусодира карданд, ки ин 13,67 ҳазор бештар нисбат ба соли 2023 мебошад.

Ҳамчунин, имрӯз баъд аз нишасти матбуотӣ, дар бухории махсуси Агентӣ дар шаҳри Душанбе зиёда аз 200 кг маводи мухаддир сӯзонда шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.