Ҳушёр бошед! Қаллобон аз номи “Азия-Плюс” маълумоти бардурӯғ паҳн мекунанд

Asia-Plus

Дар саҳифаи ҷаълӣ (бардурӯғ)-и шабакаҳои иҷтимоӣ аз номи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” маълумоти бардурӯғ (фейк) паҳн ва хидматрасониҳои шубҳанок пешниҳод мешавад. Дар ин саҳифа “хабаре” ҳаст, ки гӯиё Бонки миллии Тоҷикистон аз болои ҳунарпеша Таҳмина Раҷабова барои мусоҳибааш бо блогер Ёдгор Исломбеков ба додгоҳ шикоят мебарад.

Бояд гуфт, ки сомонаи мазкур ба гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ҳеҷ муносибате надошта, сохта (қалбакӣ) аст.

 

Аз куҷо метавон бардурӯғ (фейк) будани онро маълум кард?

1. Суроғаи сомона: сомонаи расмии «Азия-Плюс» – www.asiaplustj.info. Ҳама гуна дигар доменҳо аз мо нестанд ва метавонанд аз ҷониби қаллобон истифода шаванд.

2. Маълумот барои тамос: қаллобон маълумот барои тамоси мавҷуднабуда ё сохтаро истифода мекунанд. Маълумот барои тамос бо моро дар сомона санҷед.

3. Хато ва нодурустиҳо дар тарроҳӣ (дизайн): бо вуҷуди аз ҷониби қаллобон нусхабардорӣ шудани тарҳи сомона, дар баъзе унсурҳо, аз қабили тугмаву пайвандҳо ва ҷойгиркунии мундариҷа фарқияти намоён ба назар мерасад.

4. Пешниҳодот ва иқдомҳо (аксияҳо): қаллобон бисёр вақт пешниҳоду иқдомҳои ғайривоқеиро манзур мекунанд, ки дар сомонаи расмии мо нестанд.

Мебояд гуфт, ин аввалин ҳолате нест, ки афроди нияташон нопок аз номи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ахбори бардурӯғ паҳн мекунанд.

Аз шумо бо камоли эҳтиром хоҳиш мекунем, ки ҳушёр бошед ва ба пайванду истинодҳои ба назаратон шубҳанок нагузаред. Агар бо саҳифаи ҷаълӣ дучор омадед, дар ин бора ба мо хабар диҳед. Дар амон бимонеду маълумотро дар саҳифаҳои расмӣ бисанҷед!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...