Ба 10 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шуд. Раиси Додгоҳи олӣ ҳукми Аҳмади Иброҳимро шарҳ дод

Asia-Plus

Аҳмади Иброҳим, рӯзноманигори тоҷик ва сардабири ягона нашрияи мустақили вилояти Хатлон – “Пайк” ба 10 солу 4 моҳи зиндон маҳкум шудааст. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Аҳмади Иброҳим 10 сол равонаи зиндон шудааст. 

Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олӣ имрӯз, 13-уми феврал зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дода, гуфт, ҳукми ӯ 10-уми январи соли равон аз ҷониби Додгоҳи шаҳри Кӯлоб содир шуд. 

Тибқи иттилои раиси Додгоҳи олӣ, Аҳмад Иброҳим ба тамаъҷӯӣ (моддаи 250 қисми 2), даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм бо истифода аз ВАО ё шабакаи интернет (моддаи 307 (1) қисми 2) ва додани пора ба шахси мансабдор (моддаи 320 қисми 2) айбдор мешавад.

Ба таъкиди Мирзозода, ҳукми мазкур аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст ва то ҳол нисбати он шикояте нашудааст.

“Аз ин бар меояд, ки худи Аҳмади Иброҳим аз ҳукми содиршуда розӣ аст. Дар ҳолати ворид шудани шикоятҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, судҳои болоӣ парвандаро бозбинӣ мекунанд” – гуфт ӯ.

Худи Аҳмади Иброҳим дар як номааш ба Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон навишта буд, ки бо гузашти ним сол аз боздошташ вакили мудофеъ (адвокат) надорад ва мақомот аксҳои маҳрамонаи хонаводагӣ ва мукотибаҳои шахсияшро ба зидди ӯ истифода мекунанд.

Ӯ моҳи августи соли 2024 дастгир шуда буд. Мақомот ӯро ба “ришвадиҳӣ ба маъмури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ”, “тамаъҷӯӣ” ва “ифротгароӣ” айбдор карда, вале то ба ҳол шарҳ надода буданд.

Худаш иттиҳомҳоро рад карда, гуфтааст, "агар касе гумон дорад, ки журналистонро роҳбарияти ҳукумат ба маҳбас кашидааст, хато мекунад".

Вай боздошташро кори дасти "як раис ва ду корманди мақомот" номида, вале аз касе ном нагирифтааст.

Созмонҳои байналмилалии рӯзноманигорӣ ва дохилӣ ҳукми ӯро вазнин хонда, аз мақомоти Тоҷикистон талаб карда буданд, ки он бозбинӣ карда шавад.

Аҳмади Иброҳим 63-сола аст ва солҳои дароз дар расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ кор кардааст. Дар соли 2012 нашрияи мустақили “Пайк”-ро дар Хатлон таъсис дод ва то замони боздошт масъулияти чопи онро бар уҳда дошт.

Пас аз боздошти Аҳмади Иброҳим ҳафтаномаи “Пайк” пурра аз чоп бозмонд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...