Майдон барои “утилизатсия”-и нақлиёт то ҳол нест, вале аз ин ҳисоб 1,7 млрд сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст

Asia-Plus

Аз ҳисоби нобудсозӣ ё “утилизатсия”-и нақлиёт, ки аввали соли гузашта барои соҳибони нақлиёт ҳатмӣ шуда буд, ба буҷети кишвар 1,7 млрд сомонӣ ворид шудааст. Дар ин бора Рустам Мирзомуродзода, сардори Раёсати БДА ВКД дар ҳошияи нишасти матбуотии ВКД ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Пардохт барои нобудсозии нақлиёт, ки дар тамоми давраи фаъолияти мошин як бор супорида мешавад ва маблағи пардохт аз категорияи воситаҳои нақлиёт ва нишодиҳанда барои ҳисобҳо вобаста буда, барои соли 2024-ум аз 360 сомонӣ (5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) то 2880 сомонӣ (40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) буд.

Маблағи “утилизатсия” зимни ба қайд гузоштани мошин ва ё гузаштан аз муоинаи техникӣ супорида мешавад ва БДА ба соҳиби мошин ҳуҷҷати тасдиқкунанда медиҳад. Баъди ба охир расидани муҳлати истифодаи мошин ин ниҳод онро бояд дар маҳалли махсус несту нобуд кунад.

Вале Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии имрӯза 13-уми феврал гуфт, то ҳол майдони барои несту нобуд кардани мошинҳо сохта нашудааст, вале лоиҳаи сохтмони дар ҳоли омодашавӣ аст.

Ӯ дар посух ба суоли “Азия-Плюс” гуфт, ки эҳтимол сохтмони чунин майдон 1 ё 1,5 солро дар бар гирад ва баъд раванди нобудсозӣ аз тарафи сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ оғоз мешавад.

Вазир гуфт, “баъди ба охир расидани муҳлати истифодаи мошин он фарсуда ва зарарнокиаш зиёд мешавад, аз ин рӯ, бояд несту нобуд гардад”.

Бояд гуфт, ки маблағи нобудсозии нақлиёт ба нишондиҳанда барои ҳисобҳо вобаста аст ва соли равон бо зиёд шудани нишондиҳанда ҳаҷми он ҳам аз 15 то 220 сомонӣ зиёд шуд (соли 2024-ум 1 нишодиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ аст ва соли 2025 75 сомонӣ).

Рамазон Раҳимзода соли гузашта гуфта буд, ки тасмими нобуд кардани мошинҳо ба далели теъдоди зиёди мошинҳои кӯҳна дар кишвар рӯи даст гирифта шудааст.

Қаблан “Азия-Плюс” бо такя ба БДА хабар дода буд, ки чунин пардохт барои соҳибони воситаҳои нақлиёт дар асоси қарори ҳукумат аз моҳи декабри соли 2023 ҷорӣ шуда буд.

Он замони Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар назди вакилони парлумон гуфта буд, ки он “бо мақсади таъмини бехатарии экологӣ, ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва муҳити зист аз таъсири зарари партовҳо, инчунин дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ ба қисми даромади буҷети давлатӣ таҳия гардидааст”.

Зимнан, дирӯз, 12-уми феврал Хадамоти гумрук хабар дод, ки пешниҳод шудааст, ки тартиби пардохти маблағ барои нобудсозии автомобил, тағйир ёбад ва ба уҳди ин ниҳод гузошта шавад. Яъне ба ҳукумат пешниҳод шудааст, ки ин маблағ ҳангоми воридоти автомобил ситонида шавад, на дар вақти бақайдгирии он.

Ҳамчунин, ҳаҷми маблағ барои нобудсозӣ ҳам дар ҳоли баррасӣ аст. 

Бояд гуфт, пардохти нави ҳатмӣ барои соҳибони нақлиёт дар кишвар дар ҳолест, ки ҳамасола соҳибони мошинҳо барои аз қайд гузаштан дар БДА садҳо сомонӣ пардохт мекунанд. Ин пардохтҳо аз экология то суғуртаву андози роҳ ва дигар санадҳоро дар бар мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...