Рамазон Раҳимзода тасдиқ кард, ки “Боим” боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст

Asia-Plus

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон боздошт ва ба Тоҷикистон овардани Иброҳим Сафаров, машҳур бо лақаби “Боим", ки номаш борҳо бо фурӯшу интиқоли маводи мухаддир расонаӣ шуда буд, тадиқ кард ва гуфт, “ӯ барои фурӯшу интиқоли маводи мухаддир гумонбар аст”.

Ӯ имрӯз, 13-уми феврал дар ҳузури рӯзноманигорон гуфт, Иброҳим Сафаров, ки барои муомилоти маводи мухаддир дар кофтуков буд, аз Туркия боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод гардид.

Ба гуфтаи вазир, бар зидди Сафаров "15 парвандаи ҷиноӣ боз шуда, қаблан ӯ дар Русия ҳам ҳасб шуда буд".

“Ӯ дар кофтуков қарор дошт. Бар зиддаш 15 парвандаи ҷиноятӣ барои муомилот баровардани маводи мухаддир боз шудааст, ки пеш дар ҳудуди Русия ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Баъди озод шудан дар Туркия қарор дошт, ки барои ба ҷавобгарӣ кашидан дастгир ва ба Тоҷикистон оварда шудааст”, – гуфт Рамазон Раҳимзода.

Вазир нагуфт, ки бар зидди ӯ  мушаххас бо кадом моддаи қонунгузорӣ парванда боз шудааст.

Қаблан Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Иброҳим Сафаров дар аввали моҳи октябр аз Истанбул ба Душанбе оварда шуд.

“Ӯ ба таъсиси шабакаи фурӯши ҳабҳои экстазӣ” ва “нигаҳдории силоҳ айбдор мешавад,” – гуфтааст манбаи ин расона.

Номи Иброҳим Сафаров аз ин пеш тобистони соли 2024 дар марбут ба муомилоти маводи мухаддир расонаӣ шуда буд.

Он замони Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти Комрон Ҳамроев, сокини 28-солаи шаҳри Душанбе бо гумони фурӯши “ҳабҳои экстазӣ” хабар дод ва гуфт, ки ӯ аз наздикони “Боим” буда, бо дастури ӯ дар Душанбе маводи мухаддир мефурӯхт.

“Ҳамроев Комрон таҳти роҳбарии хешовандаш Сафаров Иброҳим, бо тахаллуси Боим, ки пеш барои кочоқи маводи мухаддир суд шуда, ҳоло дар хориҷи кишвар қарор дорад, ба ин кирдори ҷиноятӣ машғул буд”,-гуфта шудааст дар хабарномаи ВКД.

ВКД гуфта буд, ки гурӯҳи “Боим” аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо истифода аз васоили пешрафта ин корро анҷом медод.

Аз ин пештар, соли 2006 “Боим” дар Русия бо 200 кило ҳероин дастгир ва ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд. Мақомоти Русия мегуфтанд, ки шабакаи таҳти раҳбарии “Боим” ҳар сол ба бозори сиёҳи он кишвар то 4,5 тонна маводи мухаддир ворид мекард.

Худи Иброҳим Сафаров дар додгоҳ даст доштанаш дар қочоқи маводи мухаддирро рад карда, гуфтааст, ки қурбони “подстава” шудааст. Ӯ баъди чанд сол ба озодӣ баромад ва таҳти кадом шароит маълум нест. 

Иброҳим Сафаров соли 1971 дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе таваллуд шуда, қаблан ба ҳайси сартарош кор мекард. Ӯ бо дасти кушод ва саховатмандиаш низ шуҳрат дошт ва аз ҷумла ҳунармандони тоҷикро аз лиҳози молиявӣ дастгирӣ мекард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...