Дар Думаи давлатӣ пешниҳод карданд, ки муҳоҷирон ба муоинаи тиббии такрорӣ уҳдадор шаванд

Asia-Plus

Комиссияи Думаи давлатии Русия оид ба сиёсати муҳоҷират пешниҳод намуд, ки уҳдадории аз муоинаи тиббии такрорӣ гузаштани шаҳрвандони хориҷӣ пас аз як соли ворид шудан дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар карда шавад. Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин бора раиси комиссия, муовини раиси парлумон Ирина Яровая хабар додааст.

“Мо дар сатҳи қонунгузорӣ муқаррар кардани уҳдадории аз муоинаи тиббии такрорӣ гузаштани шаҳрвандони хориҷиро пас аз як соли вуруд пешниҳод мекунем. Таҳияи маълумотномаҳои тиббӣ дар шакли санадҳои электронӣ имконият медиҳад, ки вазифаи муҳимтарини вобаста ба шахсони масъул барои сифати гузаронидани муоинаи тиббӣ ҳаллу фасл ва шахсони алоҳида барои ҳар як ҳолат муайян шаванд”, – иброз доштааст Яровая дар ҷаласаи комиссия.

Вакили парлумон таъкид доштааст, ки низоми баҳисобгирии байниидоравӣ бо мақсади ҳалли як вазифаи муҳими дигар – назорат аз болои будубош ва ихроҷ, ба мақомоти корҳои дохилӣ имкони дастрасӣ ба иттилооти заруриро фароҳам хоҳад овард.

“Худи ҷараёни ихроҷи афроде, ки ба бемориҳои хатарнок гирифторанд, хеле ҷиддӣ аст, зеро аслан саволе ба миён меояд: ин афродро бояд куҷо ҷойгир шаванд ва ҷудогона нигаҳдории онҳо чӣ гуна таъмин шавад?”, – изҳор доштааст ӯ.

Қаблан раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин низ изҳор дошта буд, ки Дума дар бораи муоинаи тиббии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия меоянд, ташаббусҳои қонунгузорӣ омода мекунад. Ӯ хотиррасон намудааст, ки ҳамчунин дар Думаи давлатӣ дар мавриди танзими муҳоҷирати корӣ ва вуруди оилаҳои муҳоҷирон ба Русия аз ҳукумат пешниҳодҳоро мунтазиранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...