Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дирӯз, 21-уми феврал дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев, раисони кумитаҳои амнияти миллии Тоҷикистону Қирғизистон (КДАМ) созишномаи ниҳоии таъини хати марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд.

Дар ин бора хабаргузории “Ховар” бо такя ба КДАМ-и Тоҷикистон иттилоъ дод.

Манбаъ навишт, ки ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии ду кишвар оид ба маконнигорӣ ва таъину аломатгузории сарҳади давлатӣ дар умум се созишномаи вобаста ба марзи ду кишварро ба имзо расонидаанд:

– Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии ду кишвар;

– Созишнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард ва истифодабарии чорроҳҳаҳо;

– Созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Девони вазирони Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасии дуҷониба ба иншооти обӣ ва энергетикӣ.

Ҷузъиёти дигаре аз ин созишномаҳо ифшо нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Қирғизистон менависанд, ин санад акнун бояд ба раисҷумҳурҳои ду кишвар барои имзо пешниҳод гардад.

Саймумин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон баъди имзои созишнома дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки “баъд аз корҳои тӯлонӣ, душвор, вале самаранок, созишномаҳо дар бахшҳои обу энергетика ва роҳсозӣ омода ва имзо шуданд”.

“Муҳимтарин санади таърихӣ, ки имрӯз ба имзо расид, Созишнома дар бораи таъину аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон аст”, – изҳор доштааст Ятимов.

Ӯ таъкид кардааст, ки ниҳоят ин ҳуҷҷатҳо ба марҳилаи ниҳоии худ расиданд.

“Ин санадҳои муҳими ҳуқуқӣ барои баррасӣ ва имзо ба роҳбарияти олии ҳарду кишвар пешниҳод хоҳанд шуд. Дар сурати қонуни шудани онҳо баҳси 100-солаи ду давлати бародар бар сари масъалаи марз хотима хоҳад ёфт. Ин созишномаҳои таърихӣ, пас аз имзои роҳбарони давлатҳо, ормонҳои таърихии мардумони моро инъикос карда, ба манфиатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва дигар бахшҳо хизмат мекунанд," – афзудааст раиси КДАМ-и Тоҷикистон.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон низ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, “мо санади ниҳоии таъини сарҳади Қирғизистону Тоҷикистонро имзо кардем”.

"Мо ниҳоят мувофиқаи ниҳоии тамоми дарозии хатти сарҳадро анҷом додем", – иброз доштааст Тошиев.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии кишвар дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфта буд, ки хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон пурра муайян шудаааст, вале ду масъалаи доғ – роҳ ва объектҳои обӣ, ки қаблан сабаби сар задани низоъ гардида буд, то ҳол мавриди баррасӣ қарор дорад.

Баъди муноқишаҳои ахире, ки моҳи апрели соли 2021 ва моҳи сентябри соли 2022 рух дод ва боиси қурбонии зиёд гашт, ду ҷониб талоши зиёд карданд, ки баҳсро тариқи гуфтушунид ҳал кунанд.

Бо ин мақсад, даҳҳо музокироти ҳайатҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҷузъиёти онҳо ифшо намешуд, баргузор гардид ва дар ниҳоят рӯзи 4-уми декабри соли 2024 хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум карданд.

Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 980 километрро ташкил медиҳад. Ҳал нашудани ин масъала борҳо сабаби муноқишаҳо гардида, даҳҳо нафар низ кушта шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...